​Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар намуд

Субҳи имрӯз нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гурӯҳи зоиронро Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон гусел намуданд.

Сулаймон Давлатзода зоиронро ба муносибати шарафёб гардидан ба адои зиёрат табрик намуда, таваҷҷуҳи онҳоро ба риояи ҳатмии муқаррароти ҷорӣ дар мавсими ҳаҷ ҷалб намуд.

«Ҳарчанд вазъи марбут ба бемории сироятии коронавирус нисбатан ба эътидол омадааст, хатари он ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки дар кишвари мизбони ҳаҷ риояи ҳатмии тадбирҳои беҳдоштӣ ва чораҳои пешгирикунандаи ин бемориро ба ҷо оварда, солимии худро ҳифз намоед,- таъкид намуд ӯ.

Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон низ оғози дубораи сафарбарнамоии зоирон ба мавсими ҳаҷро рамзи нек хонда, ба ин муносибат онҳоро табрику шодбош гуфт.

Дар охири маросими гусел аз ҷониби Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба зоирони тоҷик туҳфаҳои рамзӣ тақдим гардид.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj