​Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Ба андешаи Сарвари давлат, барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ як сол басанда нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Пешвои миллат мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳоро дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон аз аҳли нишаст даъват ба амал оварда шуд, ки давоми се сол барои амалӣ гардидани ҳадафҳои мазкур бояд сидқан фаъолият намоянд.

АМИТ “Ховар”

СПРАВОЧНАЯ СЛУЖБА

+992 37 227 21 79

Местоположение

734012, Республика Таджикистан, г.Душанбе,
ул.им.М. Мастангулова, 32/2

Электронная почта

info@airport.tj