Диқ​қ​ат! Эълон!

Диққат! Эълон!

Диққат! Эълон!

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои ишголи ҷойҳои кори холии зерин озмун эълон менамояд.

Ба вазифаи тирандози дастаи муҳофизат ва назорати хадамоти амнияти авиатсионӣ.

Талаботи тахассусӣ:

- синну сол то 40-сола;

- маълумоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ;

- хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ (хатмӣ);

- малакаи муомила бо силоҳи оташфишон;

- собиқаи кор дар мақомоти қудратӣ (афзалият дода мешавад);

- таҷрибаи кор дар корхонаи реҷавӣ;

- ҳолати хуби равонию ҷисмонӣ;

- ахлоқи неку писандида;

- донистани забонњои давлатӣ ва русӣ;

- малакаи кор бо компютер.

Номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- гувоҳномаи иқомат;

- нусхаи диплом;

- нусхаи билети ҳарбӣ;

- маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба шуъбаи кадрҳои фурудгоҳ то 28 феврали соли 2026 пешниҳод намоянд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулов, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj