ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар соли 2024 ба 2 миллиону 338 ҳазор мусофир хизмат расондааст, ки аз ин шумора 1 млн 161 ҳазор нафар мусофирони омад ва 1 млн 177 ҳазору 442 нафарро мусофирони рафта ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар ин давра миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қабулгардида ва интиқолдодашуда 2614,4 тоннаро ташкил дод.
Аз ин шумора 346,8 тоннаро бори содиротӣ ва 2267,6 тоннаро бори воридотӣ ташкил медиҳад.
АМИТ «Ховар»