
ҶСК «ФБД» Натиҷаҳо назаррасанд
7 январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” бо иштироки Шарифзода Зайнулло Маҳмадулло - директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, Ҳабибулло Назарзода - директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандон, маҷлис оид ба натиҷагирии фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли 2025 баргузор гардид.
Роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти тамомии хадамоту сохторҳои руизаминии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар соли 2025 баҳои баланд дода, ба роҳбарияти ҷамъият арзи сипос намуд.
Аз ҷумла, ба фаъолияти роҳбарияти Ҷамъият дар самтҳои беҳсозии вазъи молиявии Ҷамъият, иҷрои корҳои таъмиру азнавсозӣ ва ободонӣ дар майдони ҳавоӣ ва терминалҳои мусофиркашонӣ, фаъолияти самараноки шуъбаю хадамотҳои Ҷамъият, ҳаллу фасли мушкилоти норасоии кадрӣ, беҳсозии шароити кори ва иҷтимоии кормандон, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои нави ҳавопаймоӣ дар доираи амалӣ намудани сиёсати «Осмони кушод», омодагии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба аудити дарпешистодаии коршиносони Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ, ки дар нимаю дуюми моҳи январи соли ҷорӣ баргузор мегардад, инчунин нақшаҳои дар соли 2026 оид ба таҷдиду бозсозӣ намудани фурудгоҳ, баҳои баланд дода шуд.

