Натиҷаҳои фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналми

Роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» фаъолияти худро дар соли 2013 дар асоси вазифаҳое, ки Президенти мамлакат дар рафти ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ дар назди соҳаи авиатсияи ватанӣ гузошта буд, ба роҳ монда, барушди ҳамаҷонибаи корхона ва талаботу стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани сифати хизматрасониҳои фурудгоҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Натиҷаҳои иҷрои барномаи истеҳсолии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар соли 2013 бо болоравии нишондиҳандаҳои асосии сифат ва самаранокии кор тавсиф меёбанд. Маблағи умумии дар ин давра ба ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидаи фурудгоҳ 50,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар соли 2013 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 636,767 нафар мусофири рафта ва ба 592,102 мусофири омада хизмат расонид.

Сари вақт наомадан, осеб дидан ва ё гум шудани бағоҷ аз ҷумлаи масъалаҳои доғи рӯзанд. Дар соли 2013 оид ба наомадан, осеб дидан ва гумшавии бағоҷҳо 965 эрод ворид шудааст, ки пурра баррасӣ ва қонеъ гардонида шуданд.

Парвози банизоми ҳавопаймоҳо аз омилҳои зиёде чун вазъи обу ҳаво, дер омадани ҳавопаймоҳо, ба ҷойҳои холӣ гирифтани мусофирон, тағйир ёфтани вақти парвоз, иваз кардани навъи ҳавопаймоҳо, аз назар гузаронидани мусофирон ва бағоҷ ба манфиати амнияти парвоз ва ғайра вобаста буда, бо ин сабабҳо парвозҳо баъзан ба таъхир гузошта мешаванд. Дар соли 2013- ум 820 ҳодисаи ба таъхир гузошташавии парвозҳо ба қайд гирифта шуд. Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо инҳо мебошанд: дер омадани ҳавопаймо – 467 ҳодиса; номусоидии обу ҳаво – 72 ҳодиса; носозии техникаи авиатсионӣ – 71 ҳодиса; тағйир дода шудани вақти парвоз аз ҷониби роҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ – 42 ҳодиса ва ғайра.

Дар соли 2013 аз низоми ягонаи «ОНЛАЙН»-и хадамоти муҳоҷират, ки дар назди фурудгоҳ амал менамояд, 77121 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ истифода карданд ва маълум гардид, ки барои 9340 нафар вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия манъ аст. Истифодашавии низоми мазкур дар фурудгоҳи Душанбе имкон дод, ки ҳудуди 6 481 960 доллари амрикоии шаҳрвандони ҶТ сарфа карда шавад.

Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ «JICA» барномаи такмили Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омода карда шуд. Дар ин хусус байни Агентии мазкур ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 11 декабри соли 2013 Протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд. Дар протоколи мазкур пешбинӣ гардидааст, ки Ҳукумати Япония барои сохтмони терминали боркашонӣ, харидории системаи фуруди автоматиконидашудаи ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фуруди аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 15-20 млн.доллари амрикоӣ грант ҷудо мекунад. Алҳол аз ҷониби коршиносони агентӣ ва мутахассисони фурудгоҳ ҷанбаҳои техникии лоиҳаи сохтмони терминали боркашонӣ омӯхта ва таҳлил гардида, ҳисоботҳои пешакӣ тайёр карда шудаанд. Лоиҳаи мазкур баъди омода гардидани асоснокии техникӣ- иқтисодӣ (ТЭО) барои тасдиқ ба Ҳукумати Япония пешниҳод карда мешавад. Тахмин меравад, ки дар нимаи дуюми соли 2014 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония Созишнома дар бораи ҷудо шудани грант ба имзо расида, корҳои сохтмонӣ сар карда мешаванд.

Сохтмони терминали боркашонӣ ва бо таҷҳизоти муосиртарин таҷҳизонида шудани фурудгоҳ минбаъд имконият медиҳанд, ки:

-боркашонии ҳавоӣ ба маротиб зиёд гардида, ширкатҳои байналмилалии авиатсионӣ ба ҳамкорӣ ҷалб карда шаванд;

-ҳавопаймоҳо мутобиқи талаботи дараҷаи аввал, ки аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) муқаррар гардидааст, дар хатти нишасту парвоз фуруди дақиқро ба амал оранд;

-содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба маротиб зиёд карда шавад;

-барои рейсҳои транзитӣ шабакаи хатсайрӣ ташкил карда шавад;

-ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионии боркашонии ҳавоӣ бароварда шавад.

Дар соли 2013 инчунин байни Фурудгоҳи Душанбе ва ширкати ҳавопаймоии Аэрофлот техник «Ют - эйр лизинг» дар хусуси харидории лизингии як қатор таҷҳизоти махсуси фурудгоҳӣ шартнома баста шуд, ки маблағи умумии он 5,9 млн.евроро ташкил мекунад. То имрӯз аз 54 адад нақлиёту механизмҳои махсус, ки тибқи шартномаи мазкур харидорӣ мешаванд, 46 адад (мошинҳои тозакунии ҳавопаймоҳо аз барфу ях, автозинаи махсус барои хизматрасонӣ ба рейсҳои таҳти назорат қарордошта, мошини махсуси аэродромии чангкашак, автотранспортёр, ядакҳои майда, АПА,УМП, автобусҳои перронӣ, грейдерҳо, мошинҳои худрави боркунанда, экскаватору электрокар) ворид гардида, қисман ба истеҳсолот равона карда шудаанд. Умуман бошад, аз соли 2009 инҷониб ҶСК «ФБД» ба маблағи беш аз 14 миллион доллари амрикоӣ техникаву механизмҳои ҷадиди фурудгоҳӣ харидорӣ кардааст, ки имкон дод 58,5%-и парки техникии фурудгоҳ иваз карда шавад.

Баҳри беҳтар гардидани низоми кори бақайдгирӣ ва хизматрасонии мусофирон дар фурудгоҳ платформаи CUTE ULTRA DCS насб карда шуд. Ин чиз имкон дод, ки системаи автоматиконии бақайдгирии мусофирон нав карда шуда, вақти барои сабти мусофирон, бор ва бағоҷ сарфшаванда ба таври чашмрас кам карда шавад.

Платформа инчунин баҳри беҳтар гардидани таъминоти барномавӣ, баланд шудани дараҷаи омодагии касбии ҳайати хизматрасон ва такмил ёфтани ҳамкорӣ бо намояндагони ҳама ширкатҳои ҳавопаймоӣ мусоидат намуд. Ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ ва байналмилалӣ акнун мусофирони худро бо истифода аз платформаи зикршуда ва системаҳои стандарти байналмилалии DCS «Астра», HP DCS ва DCS «Троя» ба қайд мегиранд, ки ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи роҳбарияти фурудгоҳ як қатор ширкатҳои шинохтаи ҳавопаймоии ҷаҳон, аз ҷумла, ширкатҳои ҳавопаймоии «Flydubai», «Эйшен Экспресс Эйрлайн» ба бозори боркашонии ҳавоии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд, кор бо дигар ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳои ИДМ ва хориҷаи дуру наздик идома дорад.

Баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ дар фурудгоҳ яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти фурудгоҳ дар соли 2013 ба шумор мерафт.Бо ин мақсад толори бақайдгирии мусофирон ва CIP аз нав таъмир карда шуда, дар аэровокзал дастгоҳу таҷҳизоти нави ҳозиразамон (распискан, сканер, камераҳои мушоҳидаи видеоӣ, ҳуҷраҳои тамокукашӣ, кондитсионер-сплитҳо ва ғайра) гузошта шуданд. Толорҳо инчунин бо шабакаи интернетии бесими WIFI таъмин карда шуданд, ки ба мусофирону меҳмонони пойтахт ҷиҳати дастрасӣ ба маълумоти зарурӣ кумак мерасонад.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии ҳавопаймоҳо дар аэродром бо дастгирии хизматчиёни қушунҳои ҳавоии Фаронса, ки муваққатан дар фурудгоҳ ҷойгир шуда буданд, роҳравҳои нави зимомӣ ва таваққуфгоҳҳои ҷадид барои ҳавопаймоҳо бунёд карда шуданд. Роҳравҳои зимомӣ ва таваққуфгоҳҳо бо таҷҳизоти муосири рӯшноидиҳанда таҷҳизонида шуда, рақамгузорӣ гардиданд ва ба нақшаи техникии фурудгоҳ дароварда шуданд. Бо кӯмаки ин хизматчиён инҷунин рӯйпӯши қисмати перронии толорҳои VIP ва CIP низ аз нав карда шуданд.

Корҳо оид ба амалисозии лоиҳаи сохтмони терминали нави фурудгоҳи Душанбе соли гузашта мутобиқи нақшаи тасдиқшуда ҷараён доштанд. Ҳама корҳову чорабиниҳои нақшавӣ аз ҷониби ширкати «VINCI» пурра ва пеш аз муҳлат анҷом дода шуданд.

Пӯшида нест, ки сифати хизматрасониҳо ба мусофирон ва ҳавопаймоҳо, дар навбати аввал, аз кадрҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, соли гузашта, ҷиҳати дуруст интихоб намудан, омода кардан ва баланд бардоштани савияи касбии кормандони фурудгоҳ ва дар ин замина такмил додани истеҳсолнокии меҳнат чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои фурудгоҳӣ барои кормандон курсҳои омӯзиши забони англисӣ ташкил карда шуд. Бо қарори роҳбарияти фурудгоҳ як қатор мутахассисони корхона барои омӯзиш ва такмили ихтисос ба муасиссаҳои пешбари авиатсионии дунё фиристода шуданд, чунончи, 10 нафар дар фурудгоҳи Внуковои ш.Москва, 5 нафар дар академияи авиатсияи граждании ш.Санкт–Петербург ва 5 нафари дигар дар таълимгоҳҳои олии кишварҳои Россия ва Украина такмили касбу коромӯзӣ намуданд. Айни замон бо фурудгоҳи Домодедово дар хусуси дар заминаи ин корхона такмили ихтисос кардани агентони Хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратии фурудгоҳ низ шартнома ба тасвиб расидааст.

Амнияти авиатсионӣ имрӯз дар фаъолияти ҳар як корхонаи ҳавопаймоӣ самти афзалиятнок маҳсуб мешавад. Дар ин давра бо ҳайати шахсии ХАА ҷиҳати такмили донишу малакаҳои касбии онҳо дар соҳаи таъмини амнияти авиатсионӣ машғулиятҳо гузаронида шуданд. Айни замон омодагии касбӣ ва сертификатсияи ҳайати ХАА қатъиян мутобиқи талаботи ҳуҷҷату санадҳои роҳбарикунандаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ИКАО сурат мегирад.

Дар корхона баробари иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», «Дар бораи мубориза бо коррупсия», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ғайра диққати хоса дода мешавад. Нишондодҳои қонунҳои зикршуда қисми таркибии нақшаҳои кори хадамоту шӯъбаҳоро ташкил медиҳанд. Бо мақсади ҳамаҷониба фаҳмондани нуктаҳои қонунҳои зикршуда соли гузашта дар фурудгоҳ як қатор мулоқоту вохӯриҳо бо кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдор гузаронида шуданд.

Сомонаи интернетии Фурудгоҳ (www.airport.tj) такмил дода шуд. Барои осонии маълумотгирии мусофирон дар сайт лавҳаи нави иттилоотӣ гузошта шуд, ки аз он мусофирон метавонанд бо низоми он-лайн дар хусуси рейсҳои ҷорӣ, намуди хизматрасониҳои фурудгоҳӣ ва навовариҳои дигар маълумоти зарурӣ ба даст оранд. Мавриди тазаккур аст, ки дар муҳлати ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии фурудгоҳ беш аз 150 хабару мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ роҷеъ ба фаъолияти ФБД ба табъ расидааст, зиёда аз 109 ҳазор муштариён аз имконоти сомона истифода бурдаанд.

Маркази матбуоти фурудгоҳ бо ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ алоқаи зич дошта, шабонарӯзӣ фаъол аст. Нисбати фаъолияти фурудгоҳ дар соли 2013 ҳафтаномаҳои «Нақлиёт», «Азия плюс», «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе», «Тоҷикистон», «Фараж», «Нигоҳ», «Имрӯз нюс», агентиҳои «Ховар», «Авесто», «Азия плюс», «Пресса ТҶ», радиоҳои «Ватан», «Имрӯз», «Тоҷикистон», «Озодӣ» ва «ВВС», шабакаҳои телевизионии «Мир» ва «Ҷаҳоннамо» таваҷҷуҳи хоса ҷудо намуданд. Дар ин муддат маркази матбуоти фурудгоҳ муштарак бо Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ва Хадамоти муҳоҷирати назди фурудгоҳии ҶТ барои муҳоҷирони меҳнатӣ як қатор чорабиниҳо амалӣ намуданд, аз ҷумла, дар толори парвоз намоиши филми маърифатии мустанади «Пеш аз сафар бидон» доир гардид, ки ба такмили маърифатнокии ҳуқуқии муҳоҷирон, огоҳии бештари онҳо аз ҳуҷҷату санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ , инчунин ба баланд бардоштани сатҳи фарҳанги одоби муҳоҷирон равона шудааст. Инчунин аз ҷониби котиби матбуоти фурудгоҳ бо муҳоҷирони меҳнатии ҷавон пеш аз парвозашон ба Федератсияи Россия дар мавзӯҳои зикршуда пайваста сӯҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиме, ки соли 2014 дар назди корхона истодаанд:

-Ба истифода супоридани терминали нав барои мусофирон;

-Оғози сохтмони терминали боркашии фурудгоҳ;

-Такмили комплексии фурудгоҳ (таъмиру таҷдиди терминали амалкунандаи мусофирон, майдони назди бинои аэровокзал ва ғайра);

-Бо таҷҳизоти пешқадами авиатсионӣ нав кардани заминаи моддӣ - техникии корхона;

-Зиёд кардани даромади корхона аз ҳисоби фаъолиятҳои ғайриавиатсионӣ;

-Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj