ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани сиёсати «Осмони кушод» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ва фурудгоҳи байналмилалии Бохтар сиёсати «Осмони кушод» ҷорӣ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
1) ҳамаи ҳуқуқ ва уҳдадориҳое, ки ба сиёсати «Осмони кушод» алоқаманданд, баъди эътибор пайдо кардани қарори мазкур ва то баргузории машваратҳо ё мубодилаи номаҳои дипломатӣ бо тарафи аҳдкунандаи дигар, бо дарназардошти истисноҳое, ки дар банди 4 қарори мазкур тавсиф ёфтаанд, яктарафа ва ба муҳлати номуайян муќаррар карда мешаванд;
2) татбиқи принсипи паритет барои муҳлати номаълум қатъ мегардад, ки дар натиҷа амалкарди ҳамагуна муқаррароти ҳуқуқӣ ё амалиётие, ки дастрасӣ ба бозорро маҳдуд месозанд ва дар он «имконоти одилона» ё «баробар», тавозуни имконоти боркашонӣ, ҳамоҳангсозии парвозҳо байни ширкатҳои ҳавопаймоии таъиншуда ва ҳимояи манфиатҳои тиҷоратӣ ё мавқеи бозории ширкатҳои ҳавопаймоии амалкунанда пешбинӣ шудаанд, қатъ мегардад. Чунин муқаррарот аз созишномаи дуҷониба оид ба алоқаи ҳавоӣ дар ҷараёни музокироти минбаъда бо давлатҳои шарик хориҷ карда мешаванд.
3. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вусъат додани ҳамкорӣ ва зиёд кардани парвозҳо, бо тартиби муқарраргардида:
1) дастрасии тамоми тарафҳои манфиатдорро ба бозор, ки ба дараҷаи сеюм ва чоруми фазои озод дахл дорад, бо амали фаврии яктарафа, бо воридсозии минбаъдаи тағйиру иловаҳои дахлдор ба созишномаҳои мавҷудаи дутарафаи алоқаи ҳавоӣ ва ёддоштҳои тафоҳум таъмин намуда, дар оянда ҳангоми бастани созишномаҳои байналмилалӣ шартҳои зеринро ба роҳбарӣ гирад:
- бекор кардани ҳамаи маҳдудиятҳо дар зичии парвозҳо ва/ё шумораи ҷойҳои нишаст;
- бекор кардани ҳамаи маҳдудиятҳо дар ҳаҷми киштии ҳавоӣ;
- бекор кардани ҳамаи маҳдудиятҳо барои шумораи таъинот дар хатсайр;
- бекор кардани ҳамаи маҳдудиятҳои тарифӣ барои интиқоли байналмилалии ҳавоӣ;
- бекор кардани ҳамаи маҳдудиятҳо барои шумораи ширкатҳои ҳавопаймоӣ;
2) ҷиҳати амалисозии сиёсати «Осмони кушод» ва назорати иҷрои он тадбирҳои зарурӣ андешад;
3) ҷадвали парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии таъиншударо сари вақт тасдиқ кунад;
4) намояндагиҳо ё филиалҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки интиқоли ҳавоиро аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, аз аккредитатсия гузаронад;
5) якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии қарори мазкур чораандешӣ намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ таклифҳо пешниҳод намояд.
4. Принсипҳои дар бандҳои 2 ва 3 қарори мазкур нисбат ба ҳаждаҳ (18) самт, ки бо фармоиши Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, дар давоми давраи ҳадди аксари се (3) сол татбиқ намегарданд. Пас аз ин муҳлат принсипҳои номбаршуда пурра эътибор пайдо мекунанд ва бе истисно нисбат ба ҳамаи бандҳо яксон татбиқ карда мешаванд.
5. Ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки дархости ширкатҳои ҳавопаймоиро барои пешниҳод намудани ҷойи холии дараҷаи панҷум бо талаби ҳар тарафи аҳдкунанда ва интиқолгари таъиннамудаи он бе ягон маҳдудият барои нуқтаи таъинот ва ирсол, зичӣ, шумораи ҷойҳо ва андозаи ҳавопаймо қонеъ гардонад.
6. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, паст намудани арзиши хизматрасониҳо ва рушди инфрасохтори фурудгоҳ чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 12 июни соли 2025, № 347