​НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Санаи 29 январи соли 2025, дар маҷлисгоҳи ҶСК “Тоҷик Эйр” бо роҳбарии Директори Агентӣ Назарзода Ҳабибулло Темур, инчунин, директори генералии ҶСК "Тоҷик Эйр"- Шодмонзода Парвиз, муовини якуми директори генералии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" - Маликзода Аслиддин, муовини директори генералии ҶДММ "Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр" - Алиаҳмад Қурбонов, муовини аввали директори генералии КВД "Тоҷикаэронавигатсия" - Шодмонбекзода Даврон, кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар он 71 нафар намояндагони расонаҳои иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ, давлатӣ ва мустақил иштирок намуданд.

Суолҳои пешниҳодгардида асосан фарогири масъалаҳои сатҳу сифати хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ташкили хатсайрҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр”, кушодани ширкатҳои ҳавопаймоии нав ҷиҳати рақобатпазир намудани авиатсияи гражданӣ, ташкили хатсайрҳои транзитӣ бо дастрасии технологияҳои навтарин, иҷрои парвозҳои транзитӣ тариқи фазои ҳавоии Тоҷикистон, нақшаҳои ҶДММ "Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр" ҷиҳати зиёд намудани хатсайрҳо бо давлатҳои хориҷи кишвар, корҳо дар самти насби “дарвозаҳои электронӣ” дар фурудгоҳҳои кишвар, бехатарии парвозҳо, нақшаҳои созандаи Агентии авиатсияи гражданӣ дар соли 2025 ва чанде суолҳоро дарбар гирифта, ба онҳо аз ҷониби Директори Агентии авиатсияи гражданӣ ва роҳбарони корхонаҳои авиатсионӣ посухҳои мушаххас дода шуданд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj