Ҷашни модар ва истиқболи баҳор муборак!

Бонувони азиз!

Рӯзи модар, ки бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти модарон эълон шудааст, ҳамчун рамзи саодат ҳамасола таҷлил мегардад. Зеро ки зан – модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила мебошад.

Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Аз ин рў, давлату ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлоламон аз ибтидо ба баланд бардоштани нақшу мақоми иҷтимоии зан дар ҷомеа эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар кўшишҳои беандоза менамоянд ва ғамхорӣ ба занонро бахши муҳимми сиёсати иҷтимоии худ медонанд.

Ҳукумат ва ҷомеаи имрӯзаи мо ба азму ирода ва талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром мегузорад, чунки ӯ мушкилоти бисёр сахту сангини зиндагиро сарбаландона таҳаммул намуда, наслеро тарбия карда, ба камол мерасонад, ки созандагони асили имрӯзу фардои ин сарзамини муқаддас мебошанд.

Умед дорем, ки занону модарони арҷманди мо ин рисолати муҳимми иҷтимоии худро чун ҳарвақта амиқ дарк карда, барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо - модарону бонувони азизу меҳрубон ва хоҳарони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи модар сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо нуру сафо, ваҳдату оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашни модар ва истиқболи баҳор муборак, модарону хоҳарони гиромӣ ва бонувони азиз!

HELP DESK

+992 37 227 21 79

Location

734012,Dushanbe, Tajikistan,
M. Mastongulov str., apt. 32/2

Email

info@airport.tj