​Сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон бояд боло бошад!

- бардошт аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷомеа ба таври муфассал фаро гирифта шуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар соли ҷорӣ нишон дода шудаанд, дастури роҳнамо ба сўи ояндаи неки кишвар ба шумор меравад.

Чуноне ки дар оғози ин ҳуҷҷати таърихӣ омадааст, «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархўрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

Тавре ки Ҷаноби Олӣ дар Паёми хеш таъкид намуданд: «Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни ҷамоатҳову деҳаҳои дурдаст ва дигар маҳалҳои аҳолинишинро вусъат бахшида, ҳангоми амалӣ намудани сохтмони иншооту биноҳои нав ба риояи талаботи санъати баланди меъморӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати нақлиётро зарур аст, ки бо мақсади иҷрои вазифаҳои муайяншуда ва пурраву самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ ва таъмиру таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалӣ, роҳи оҳан, инчунин, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои афзалиятнок оид ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешанд».

Ин суханҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи моро вазифадор менамояд, ки тамоми имконият, захираҳои моддиву зеҳнӣ ва қувваи худро ба татбиқи амалии вазифаҳои дар пеш гузоштаи Ҷаноби Олӣ равона намуда, ба ин восита хатарҳоро бартараф ва субботу оромӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишварро таъмин намоем.

Паёми Президенти кишвар паҳлуҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандиро дар бар гирифта моро водор месозад, ки барои солҳои дигар барномаҳои кори худро тарҳрезӣ намоем, сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофиронро ба сатҳи боз ҳам баландтар бардорем.

Ман аз тамоми кормандони соҳаи авиатсия даъват ба амал меорам, ки аз мазмуну мўҳтавои Паёми Президенти мамлакат хулосаи зарурӣ бароварда, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини бехатарии парвозҳо чораҳои амалӣ бинанд. Иҷрои бечуну чарои дастуру супоришҳои сарвари давлат, ки дар Паём дарҷ гардидаанд, дар фурўдгоҳи Душанбе таъмин хоҳанд гашт. Ҳар як роҳбар ё корманд вазифадор аст барои рушду нумўи соҳаи хеш талош варзад, барои пешрафти Тоҷикистони азиз кўшиш ва ғайрат намояд.

Аслиддин Меликов, муовини директори генералии ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе»

HELP DESK

+992 37 227 21 79

Location

734012,Dushanbe, Tajikistan,
M. Mastongulov str., apt. 32/2

Email

info@airport.tj