Натиҷаҳои фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ!

МАЪЛУМОТНОМА

оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар соли 2018

ва вазифаҳо барои соли 2019

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмиллалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси Фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои умумии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

Дар давраи ҳисоботӣ, ҷиҳати таъмини бехатарии парвозҳою бехатарии авиатсонӣ ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа аз ҷониби корхонаҳои авиатсионӣ, аз тарафи агентӣ 36 маротиба комиссия таъсис дода шуда, дар асоси хулосаҳои комиссияҳои мазкур 153 адад шаҳодатномаҳои мутобиқатии хадамотҳои дахлдори корхонаҳои авиатсионӣ дода шуд.

Дар ин давра, аз тарафи Комиссияи олии тахассусии агентӣ ба 450 мутахассиси соҳа шаҳодатномаҳои тахассусӣ бо 301 замимаҳои он дода шуда, дараҷаи тахассусии 29 нафар мутахассони соҳа баланд бардошта шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ба мусофироне, ки тариқи роҳҳои ҳавоӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ва баръакс сафар мекунанд, чор фурудгоҳи байналмилалии кишвар - ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кўлоб” ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” хизмат мерасонанд.

Дар соли 2018 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ҳамагӣ ба 2 млн. 5,2 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидаанд, ки аз ин нишондиҳанда ба “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” 1348,6 ҳазор нафар мусофир (67,3% умумӣ), “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 544,4 ҳазор мусофир (27,1% умумӣ), “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” 108,1 ҳазор нафар мусофир (5,5% умумӣ) ва “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” 4,1 ҳазор нафар мусофир (0,2 фоизи умумӣ) рост меояд.

Аз/ба фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба/аз 22 шаҳрҳои давлатҳои ИДМ ва ба/аз 8 шаҳрҳои давлатҳои хориҷи дуру наздик ба ҳисоби миёна зиёда аз 150 парвоз дар як ҳафта амалан иҷро карда мешаванд.

Ҳамзамон, дар соли 2018 аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ - ҶСК “Тоҷик Эйр”ва ҶДММ “Сомон Эйр” ҳамагӣ 815,2 ҳазор нафар мусофир интиқол дода шудааст, ки аз ин миқдор ба ҶСК «Тоҷик Эйр» 325,5 ҳазор мусофир ва ба ҶДММ «Сомон Эйр» 489,7 ҳазор мусофир рост меояд. Таносуби интиқоли мусофирон байни ширкатҳои ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶДММ «Сомон Эйр» мутаносибан 40 ва 60 фоизро ташкил медиҳад.

Вобаста ба иҷроиши парвозҳо ва таъинотҳо дар хатсайрҳои дохилӣ ва байналмилалӣ то 31 декабри соли 2018 ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ барои иҷрои парвозҳои байналмиллалӣ дар 103 хатсайр таъиноти иҷозати парвозҳо дода шудааст, ки аз онҳо 54 таъинот барои иҷроиши парвозҳо ба ҶСК «Тоҷик Эйр» ва 49 таъинот барои иҷроиши парвозҳо ба ҶДММ «Сомон Эйр» рост меояд.

Дар соли 2018 парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар 39 самти (ҶСК «Тоҷик Эйр» - 13 самт ва ҶММ «Сомон Эйр» - 26самт) 11 кишвари хориҷии дуру наздикиҷро гардиданд.

Бояд қайд кард, ки дар соли 2018 аз ҷониби ҶСК «Тоҷик Эйр» аз 2974 парвози иҷрошуда 799 парвоз бо таъхир амалӣ карда шудааст, ки ин 27% парвозҳоро ташкил намуда, нисбат ба соли 2017 - 117 парвоз ё 2,4% зиёд мебошад (2017 – 2788 парвоз, таъхирмонӣ – 682 парвоз ё 24,4%).

Ҳамзамон, дар соли 2018 аз ҷониби ҶДММ “Сомон Эйр” аз 3964 парвози иҷрошуда 474 парвоз бо таъхир амалӣ карда шудааст, ки ин 12% парвозҳоро ташкил намуда, нисбат ба соли 2017 - 63 парвоз ё 2% кам мебошад (2017 – 3797 парвоз, таъхирмонӣ – 537 ё 14%).

Тибқи маълумотҳои мавҷуда дар корхонаҳои авиатсионӣ (ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»,ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кўлоб», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар», КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶДММ “Сомон Эйр”) айни замон 4416 нафар корманд фаъолият намуда, бо музди меҳнати муътадил таъмин мебошанд.

Фонди музди меҳнати кормандони корхонаҳои авиатсионӣ дар соли 2018 – 219,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 (соли 2017 - 205,9 млн. сомонӣ) 6,5 фоиз зиёд мебошад.

Музди меҳнати миёнаи кормандони фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ва КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба ҳисоби миёна дар соли 2018 – 2,4-2,5 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017- 7,8 фоиз зиёд мебошад.

Даромади умумии корхонаҳои авиатсионии кишвар дар соли 2018 – 2312,7 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017- 9 фоиз афзудааст.

Бояд гуфт, ки дар соли 2018 аз ҷониби фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба буҷети давлатӣ дар умум 232,9 млн. сомонӣ маблағҳои андозу суғуртаи иҷтимоӣ пардохт карда шудааст.

Ҳамзамон, қайд кардан лозим аст, ки даромади умумии ҶСК “Тоҷик Эйр” дар соли 2018 – 573,7 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 – 4,3 млн. сомонӣ ё 0,7 фоиз кам буда, хароҷот бошад – 654,4 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2017 – 77,9 млн. сомонӣ ё 13,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли 2018 аз ҷониби ширкати мазкур ба буҷети давлатӣ 28,6 млн. сомонӣ маблағҳои андозу суғуртаи иҷтимоӣ пардохт карда шудааст, ки назар ба соли 2017- 2,1 млн сомонӣ кам мебошад.

Ҳамзамон, даромади умумии ҶДММ «Сомон Эйр» дар соли 2018 – 1 млрд. 88 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 – 118,3 млн. сомонӣ ё 12,2% зиёд буда, хароҷот бошад – 1 млрд. 20,4 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2017 – 134,4 млн. сомонӣ ё 15,2% зиёд мебошад. Натиҷаи молиявии ширкати мазкур дар соли 2018 бо 67,7 млн. сомонӣ бо фоида ҷамъбаст гардидааст.

Аз ҷониби ҶДММ “Сомон Эйр” дар соли 2018 ба буҷети давлатӣ 53,8 млн. сомонӣ пардохт карда шудааст, ки назар ба соли 2017- 551 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз ҳадафҳои страетегии кишварамон ин, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад. Агентии авиастияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар амалишавии босифати ҳадафи мазкур тамоми чораҳои дахлдорро андешида истодаанд. Тасдиқи гуфтаҳои болоро дар фаъолияти корхонаҳои авиатсионии кишвар, алалхусус фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дидан мумкин аст.

Аз ҷумла, рўзи 25 июни соли 2018 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор терминали боркашонии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ба истифода дода шуд. Терминали мазкур дар таърихи авиатсияи граждании кишвар якумин буда, ба ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёти ҳавоӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ба оғоз шудани парвозҳои транзитии ҳавопаймоҳои боркашонии ширкатҳои хориҷӣ тавассути ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” шароити мусоидро фароҳам хоҳад овард.

Инчунин, 26 сентябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Толори қабули меҳмонони расмӣ ба истифода дода шуд. Дар толори мазкур барои қабулу гусели меҳмонон шароитҳои муосири сатҳи баланди байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, дар соли 2018 аз ҷониби КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба 51574 адад ҳавопаймо хизмат расонида шудаст, ки нисбат ба соли 2017 -4,6 фоиз ё 2278 адад зиёд мебошад (дар соли 2017 – 49296).

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар соли 2018 ҷиҳати амалишавии парвозҳои ҳавопаймоҳо тавассути фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 долонҳои ҳавоии нави транзитиро ташкил ва баистифода супорида, дар Маҷмӯи иттилоотии аэронавигатсионӣ (AIP)нашр намуд, ки ба маротиб парвозҳоро зиёд намуд. Аз шумораи умумии хизматрасонӣ 4686 парвоз транзитӣ буда, нисбат ба соли 2017 - 47,5 фоиз зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда возеҳ баён менамояд, ки шароити мусоиди лозима барои афзоиши парвозҳои транзитӣ муҳаё карда шуда истодааст.

Ҳамзамон, дар соли 2018 КВД «Тоҷикаэронавигатсия» модернизатсияи низоми радиостансияҳои оварандаи навъи АРМ-150 МА, насб ва баистифода супоридани радиоминои масофасанҷи ДМЕ/ДМЕ – таҷҳизоти аэронавигатсионии муосирро дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб, ноҳияҳои Истаравшан ва Данғара пурра ба анҷом расонид.

Дар соли 2018 ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи грантӣ, ки дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса амалӣ шуда истодааст, моҳи марти соли 2018 сохтмони Манораи муназзимӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” оғоз гардида, айни замон корҳои ҷаъбастии сохтмон ва дастрасиву муҷаҳҳазгардонии он мутобиқ ба талаботу стандартҳои ҷорӣ амалӣ шуда, дар нақша аст, ки моҳҳои июн-июли соли 2019 ба истифода супорида шавад.

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба тайёрии касбии ҳамаҷонибаи кормандон, бахусус азхудкунии пурраи сандҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории соҳавӣ, баҳрабардориву истифодаи забони англисӣ ва баландбардории тахассусии кадрҳо диққати махсус дода, танҳо ба курсҳои баланд бардоштани ихтисос дар кишварҳои хориҷа, 76 мутахассисро ҷалб карда, барои таълиму тадриси мақсадноки онҳо 843 ҳазор сомонӣ сарф намуд.

Ҳамзамон бо ин, дар соли 2018 даромади умумии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” 87,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 – 10,4 млн. сомонӣ ё 13,4 фоиз зиёд буда, хароҷот ба 56,5 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2017 – 5 млн. сомонӣ ё 9,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли 2018 аз ҷониби корхонаи мазкур 22,3 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ пардохт карда шуд, ки нисбат ба соли 2017 – 850 ҳазор сомонӣ ё 3,8 фоиз кам мебошад.

Дар маҷмӯъ натиҷаи молиявии КВД “Тоҷикаэронаигатсия” дар соли 2018 бо 31 млн сомонӣ фоида ҷамъбаст гардидааст.

Ҷиҳати фаъолияти самараноки соҳа дар оянда вазифаҳои зерин дар пеш гузошта шуда, амалӣ карда мешаванд:

Таъмин намудани мунтазамии парвозҳо ва иҷроиши ҳамаи парвозҳои иҷозатдошта, инчунин, афзоиши нишондиҳандаҳои интиқоли мусофирону бору бағоҷ;

Бо истифода аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ва таҷрибаҳои ширкатҳои авиатсионии бонуфузи хориҷӣ ба роҳ мондани низоми дурусти менеҷменти ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва банақшагирии иҷроиши парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самтҳои таъинотӣ;

Мўътадил гардонидани таносуби фоизи парвозҳои иҷрошуда нисбат ба парвозҳои иҷозатдошта;

Таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар хатсайрҳои транзитӣ тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО);

Азнавсозии парки ҳавопаймоҳо ва низому таҷҳизотҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар доираи талаботҳои байналмилалии муосир;

Сохтмони толорҳои транзитӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;

Таҷдид ва аз нав барқарор намудани фурудгоҳҳои маҳаллӣ ва ба истифода гирифтани ҳавопаймоҳои муосири хурдҳаҷм барои амалӣ намудани парвозҳо дар ин самт;

Давра ба давра кам кардани қарзҳои кредиторию дебиторӣ ва ба ин васила таъмин намудани муътадилии таносуби қарзҳои дебиторӣ нисбат ба қарзҳои кредиторӣ;

Баландбардории сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар;

Афзоиш додани хизматрасонии фурудгоҳӣ, рўизаминӣ ва аэронавигатсионӣ ба парвзҳои мунтазам, чартерӣ ва транзитӣ;

Бо мақсади кушодани долону хатсайрҳои нави ҳавоии транзитӣ ба роҳ мондани гуфтушунид бо мақомоти авиатсияи граждании давлатҳои ҳамсарҳад ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Покистон ва Ҷумҳурии мардумии Хитой.

HELP DESK

+992 37 227 21 79

Location

734012,Dushanbe, Tajikistan,
M. Mastongulov str., apt. 32/2

Email

info@airport.tj