Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои содиқонаи роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакатро бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қадр карданд.
Аз он ҷумла, Абдуллозода Исматулло Файзулло, директори генералии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" низ барои дастовардҳои баланди хизматӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар пешрафти кишвар бо Медали ҷашнии «30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Медали ҷашнии "30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муборак бошад, Исматулло Файзуллоевич!