Фурўдгоҳи Душанбе ба фасли сармо омода аст!

Тамоми хадамотҳои рўизаминии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба фасли зимистон омода буда дар ин рўзҳои пурбарфу сард аз рўи реҷаи маъмулӣ кор карда истодаанд. Боришоти барфи нахустин ба кори техникаи рўизаминӣ таъсире нагузоштааст ва айни замон гусел ва пешвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳ бидуни монеа сурат гирифта истодааст.

Тибқи Нақшаи чорабиниқои фурўдгоҳи Душанбе, хадамоту шўъбаҳои фурўдгоҳ нақшаҳои инфиродии чорабиниҳои худро бобати омодагӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 омода сохтаанд ва имрўз низ раванди татбиқи онҳо давом дорад. Мувофиқи нақшаҳои инфиродии хадамоту шўъбаҳои корхона дар моҳҳои май-ноябри соли 2016 корҳои зиёде анҷом дода шудааст.

Пеш аз ҳама, бо бо ҳайати шахсии хадамоту шўъбаҳои ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» оид ба тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016–2017 машваратҳои дастурдиҳӣ – методӣ гузаронида шуда техникаи махсуси аэродромӣ (автотранспортёр, ядакҳои майда, автобусҳои перронӣ, автозина, грейдер, мошини худрави боркунанда, ёрии таъҷилии тиббии СИКАР-3868, АМБУЛИФТ, АПА, мошинҳои муосири сўхторнишонӣ, таҷҳизоти махсус барои аз хати парвозу нишаст берун кардани ҳавопаймо, автотрапҳо, боркашҳои тасмавӣ, мошинҳои бағоҷкаш, фарштозакунаки Н715-665, электрокарҳо, электротрапҳо экскаватор, автозинаи махсус барои хизматрасонӣ ба рейсҳои таҳти назорат қарордошта дар ҳолати омодабош қарор доранд. Инчунин, тайёрии воситаҳои муоина ва мушоҳидаи видеоӣ - рапискан, сканер, асбобҳои дастии металҷўӣ, камераҳо ва ғайра, омодасозии ҳамаи воситаҳои нақлиёт ба кор дар давраи тирамоҳу зимистон, омодасозии биноҳои фурудгоҳ, толорҳои VIP,CIP, интизорӣ, омодагӣ ба парвоз ва ҷамъоии мусофирон баъди парвоз ба кор дар давраи тирамоҳу зимистон, азназаргузарониҳои ғайринавбатии хатҳои баландшиддат (ХБ), хатҳои кабелӣ (ХК); таҳлили реҷаи кори дастгоҳҳои барқӣ низ ба амал омада тадбирҳои пешгирикунандаи ҳодисаҳои вайроншавии зеристгоҳҳои трансформаторӣ низ омода ва тайёранд.

Аз ҷониби мутахассисон муоинаҳои техникии генераторҳои ОДГ, СТОП, МСМ, муоинаҳои техникии ССО ОВИ-1, санҷиши муқовимати ҳалқаҳои кабелӣ, нишонгузории фурўзонакҳои ССО ОВИ-1, санҷиши муқовимати контурҳои пайванди заминӣ дар объектҳои фурўдгоҳи Душанбе, ҳамвор кардани чуқуриҳои қисми болоии ХСПФ (хатти сунъии парвозу фурудоӣ) аэродром бо композитсияи битумӣ - полимерии «Гранит» низ сари вақт сурат гирифта нишонаҳои фарши аэродромии ХСПФ, РЗ (роҳравои зимомӣ), КҲ (қароргоҳи ҳавопаймоҳо) дида баромада шуда қисман нав гардидаанд.

Ҳамчунин, чорабиниҳо оид ба кам кардани ҳодисаҳои ҷамъшавии паррандаҳо дар фазои аэродром, даравидани алафҳои хушк дар майдони ҳавоӣ, буридани шохҳои болоии дарахтон ва тоза кардани буттаҳо, тоза кардани иншооти обпартоӣ – дренажии аэродром, мавҷудияти харитаҳои реҷаҳои назоратӣ дар таҷҳизоти амалкунанда, санҷиши р/станцияҳо дар фурўдгоҳи Душанбе, муоинаи профилактикии биноҳо ва иншооти фурудгоҳи Душанбе, таъмири иншооти иҳотакунандаи фурўдгоҳи Душанбе (доимӣ), шустани зарфҳои захираи об, шустан, тоза кардани зарфҳои нигоҳдории мазут, таъмири нассосоҳои обкашӣ ва мазутӣ, шустани дегҳо бо моеъи кислотаи солянӣ, тоза кардани бойлерҳои гармкунанда, таъмири дегҳо ва қисмҳои элеватории шабакаи гармидиҳӣ ва обтаъминкунӣ, таъмири шабакаҳо ва таҷҳизоти электрикии дегхона, сехи ҳарротӣ ва ғайра, гузаронидани машғулиятҳо бобати тайёр кардани ронандагони механизмҳои перронӣ оид ба қоидаҳои ба/аз назди ҳавопаймо рафтан/омадан, таъмири кормандони фурудгоҳ бо либосҳои махсус ва расмӣ, омодасозии ҳамаи асбобҳои сўхторнишонӣ тибқи талабот, гузаронидани шанбегиҳо дар корхона хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Сарфи назар аз сардиҳои пешомада, ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои рўизаминӣ пайваста мекўшад ва дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок менамояд.

Дафтари матбуоти ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе»

HELP DESK

+992 37 227 21 79

Location

734012,Dushanbe, Tajikistan,
M. Mastongulov str., apt. 32/2

Email

info@airport.tj