Нигоҳдории хати парвози ҳавоӣ, тоза нигоҳ доштани он аз сангу хоку барги хазон вазифаи аввалиндарҷаи Хадамоти аэродороми таъмини амнияти парвозҳои ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» мебошад. Алалхусус, дар ин рўзҳои сарду пурбарф масъулияти кормандони ин Хадамот бештар гардида онҳо тамоми нерў ва қувваи хешро баҳри бехатарии фурўд ва парвози саривақтии ҳавопаймоҳо аз фурўдгоҳи шаҳри Душанбе, равона кардаанд.
Хадамоти аэродроми таъмини амнияти парвозҳо аз рўи реҷаи шабонарўзӣ кор карда вобаста ба пешгўӣ ва вазъи обуҳаво, соат ба соат ҳолати хати парвозро санҷида дар сурати аз меъёр бештар боридани барф, барои ях накардани он аз химреагент истифода мебаранд. Химреагент дар сардии -5 дараҷаи ҳаво истифода шуда пас аз рехташудани он хати парвоз то 5 соати оянда ях намекунад ва ин имкон медиҳад ҳавопаймоҳо бемамониат нишаста парвоз намоянд.
Бахши орнитологҳо ҳам ба ин Хадамот вобаста буда масъулони ин бахш низ барои халал нарасонидани паррандаҳо ба ҳавопаймоҳо ҳангоми парвоз мусоидат менамоянд. Барои ин кор бошад аз ҷониби маъмурияти фурўдгоҳ тамоми шароит, имконот ва техникаи лозима дастрас карда шудааст.
Роҳбарии Хадамоти аэродроми таъмини амнияти парвозҳо бар дўши мутахассиси ботаҷриба Хўҷамурод Холов вогузор шуда шароити будубош ва кории кормандон рў ба беҳбудӣ оварда шудааст. Дар як соли охир бинои Хадамот таъмир ва бозсозӣ шуда тамоми шароити корӣ таҷдид карда шудааст. Кормандон бо ҷойи хуб, се маҳал хўроки гарм, либоси махсус, асбобу лавозимот муҷаҳҳаз шудаанд.
Дар Хадамоти номбурда мутахассисони пешбару варзида ба мисли Дилшод Ачилов, Умедҷон Бердиназаров, Мансур Воҳидов, Татяна Пегущина, Гуландом Қудратова ва Латифӣ Алим Мирзораҷаб кору фаъолият намуда ҳамарўза саҳми худро дар таъмини амнияти парвозҳо ва рушду равнақи ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» мегузоранд.
Маркази матбуоти ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе»