Бо арҷгузорӣ ба арзишҳои динӣ, хусусан дар моҳи мубораки Рамазон Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти навбатии худро бо намояндагони аҳли ҷамоатчигии кишвар рӯзи 12 майи соли ҷорӣ баргузор намуданд. Дар мулоқот дар баробари масъалаҳои дигари муҳими ҳаётӣ масъалаи фазилатҳои моҳи Рамазон низ мавриди зикр қарор гирифт. Пешвои миллат аз ҳикматҳои он, ғолибияти ақл бар нафс, эҳтироми якдигар, талош барои захираи неъматҳо, кумак ба ятимону барҷомондагон, дастгирии маюбон ёдоварӣ намуда, ташаббуси ободониву созандагии соҳибкорону тавонмандони кишварро иқдомҳои одилона ва шарафмандонаи шаҳрвандон арзёбӣ карданд. Дастгирии табақаҳои ниёзманд, дасти хайру ёрмандӣ дароз кардан аз сифатҳои беҳтарини инсонӣ ва вазифаи имонӣ мебошанд. Дини муқаддаси ислом баҳрабардорӣ ва истеъмол аз неъматҳои илоҳиро сарчашмаи зиндагӣ дониста, ҳамзамон исроф ва зиёдаравиро ҳаром ва нораво ҳукм кардааст. Дар бораи мартабаву манзалати моҳи Рамазон дар Қуръон, ҳадис, ривоят, назму наср гуфтори зиёд мавҷуд аст. Ҳамаи ин ба хотири он ки ин моҳ меҳмони Худо аст. Чун мо бар сари суфраи неъматҳои Худованд ҳастем, онро бояд эҳтиром гузорем. Пас агар мо дар меҳмонии як шахс эҳтироми мизбон ва дастархони ӯро риоя мекунем, зеро агар баднафсӣ кунем табъи соҳибхонаро нороҳат мекунем. Пас чӣ тавр мо чунин муносибат ба суфраи Худованд раво дорем, зеро таъкид мекунад, ки ман ин неъматҳоро барои шумо офаридам, исроф накунед, балки кӯшиш барои ҳифз ва захираи онҳо барои фардо кунед. Худованд дар Қуръон таъкид кардааст: «Оё ин зикр (Қуръон)-ро аз шумо боз гирам ба хотири ин ки қавми исрофкоред».
Исрофе, ки дар масоили иқтисодӣ-иҷтимоӣ бештар мавриди амал қарор дорад, мӯҷиби заиф гардидани захираи молӣ ва дунболаш фақр ва нотавонӣ дорад. Бинобар ин, пешгирии ҳамин гуна исроф ҳам вазифаи фардӣ-инсонӣ ва ҳам аҳкоми илоҳӣ аст ва барои риояи он савоб ва барои таҷовузи ҳудуди он ҷазо ваъда карда шудааст. Ҳар чизе аз истифодаи фард зиёд омад, ба фақирон ва бечорагон, маюбон бидиҳед ва ба ин васила ихтилофи иҷтимоиро аз байн мебаред ва ҳам дӯстии миёни шумо зиёд мешавад. Се навъи исроф новобаста аз замону макон ҳароманд:
- нобуд кардани моле агарчи кам бошад, монанди рехтани об дар ҷое, ки об камёб аст;
-сарфи зиёд кардан дар он чизе, ки зарар дорад, агарчи дар истеъмоли маводи хӯрданӣ бошад ва ё вақти қимати худро дар кори беҳуда сарф кардан;
- исроф дар корҳое, ки шариат онҳоро раво намеҳисобад, ба монади пул додан дар қимор, ришва, ки маъсият доранд.
Воқеан, аз баракати даврони истиқлолияти давлатӣ таҷлили Иди Фитр ва Иди Қурбон ҳамчун ҷашнҳои динӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллии тоҷикон маҳсуб меёбанд, имконпазир гардид. Дар пояи бақои давлати миллӣ арзишҳои волои инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, раҳму шафқат ва эҳтиром ба андешаҳои динии ҳамдигар ва дигар анъанаҳои писандидаи ин маросимҳо тарғибу ташвиқ карда мешавад.
Давлатҷон Маҳрамбеков, халифаи ҷамоати ба номи Қ. Гадолиевин. Роштқалъа
Ин матлаб дар якҷоягӣ бо маркази матбуоти Кумитаи корҳо оид ба дин, танзими анаъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ омода карда шудааст.