Бо мақсади дарёфти кадрҳои болаёқат ва баландихтисос, дорои донишу таҷрибаи корӣ барои ишғоли вазифаҳои холи штатии духтури ташхиси функсионалӣ (ЭКГ)-и дар қисми тиббӣ-санитарӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016 №647 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холи маъмурии хизмати давлатӣ» ва мутобиқи зербанди 5-и банди 44-и Оинномаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»:
ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои ишғоли мансаби холи штатии духтури ташхиси функсионалӣ (ЭКГ)-и қисми тиббӣ-санитарӣ озмун эълон мекунад.
Шахсони хоҳишманд метавонанд барои маълумоти бештар ба шўъбаи кадрҳои ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» муроҷиат намоянд.