Итоги работы удовлетворяют ОАО "МAД"

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» соли ҷорӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2015 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2016 иброз шуданд ва инчунин дар асоси нақшаи дурнамои рушди корхона барои соли 2016 ба роҳ мондааст.

Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе дар даҳ моҳи соли 2016 ба 949,2 ҳазор (нўҳсаду чилу нўҳ ҳазору дусад) нафар мусофирон хизмат расонидааст, аз он ба 511,1 ҳазор мусофири рафта ва 438,0 ҳазор мусофири омада.

Дар давраи ҳисоботӣ миқдори бору почтаи ба анбори тиҷоратии фурудгоҳ қабулгардида ва интиқолдодашуда 1853,0тн.- ро ташкил дод, ки аз ин миқдор 122,5 тоннаро маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ташкил медиҳад, аз он ҷумла, асал-721кг, тути хушк 16278 кг, мевагӣ 104697кг., сабзавот 864кг.

Миқдори рейсҳои хизматрасонидашуда дар даҳ моҳи соли 2016, аз он ҷумла рейсҳои доимӣ (мунтазам) – 4431 адад, рейсҳои чартерии ғайринақдӣ 286 адад ва рейсҳои чартерии нақд 30 ададро ташкил доданд.

Музди меҳнати миёнаи кормандони ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар даҳ моҳи соли 2016 - 2784,5 сомониро ташкил дода, шумораи миёнаи ҳайат 1419 нафар мебошад.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал бароварда мешаванд. Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рўз 12 ададро ташкил мекунад.

Барои иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ободонии гирду атрофии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди толорҳои Президентӣ, ҳайатҳои расмӣ (ВИП) ва роҳи протоколӣ 300 бех ниҳолу дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, 121400 адад гулу буттаҳои гуногун шинонда шуда, 2000 метри мураббаъ заминҳои майдони назди аэровокзал сабзазор карда шуданд.

Дар ин давра толорҳои умумии СИП ва ВИП, тарабхона ва толори тиллоии маҷмааи қабули ҳайатҳои расмӣ, майдони назди аэровокзал таъмиру тармим гардида, таваққуфгоҳҳои нави нақлиётӣ ба миқдори 3000 метри мураббаъ асфалтпуш карда шуданд. Бинои аэровокзал бо таҷҳизоти нави ҳозиразамон (рапискан, сканер, камераҳои мушоҳидаи видеоӣ, кондитсионерҳо ва ғ.) муҷаҳҳазонида шуда, инчунин дар бинои терминали 2 ошхонаи нави замонавӣ барои кормандони фурудгоҳ ва дар Терминали №1 толори СИП ба истифода дода шуд.

Таъмири қисми берунии Терминали №2 пурра ба анҷом расонида шуда, қисми дохилии он 60% аз таъмир бароварда шуда, 4000 метри мураббаъ дар хатти парвоз ва таваққуфгоҳҳои перронӣ асфалт хобонда шудааст. Айни замон таъмири боми терминали - 2 фурудгоҳ идома дошта дар рўзҳои наздик ба охир расонида мешавад.

Сарфи назар аз мушкилоти пешомада ва буҳрони иқтисодӣ фурудгоҳ сатҳу сифати хизматрасониҳои рўизаминиро беҳтар намуда, дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок менамояд.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе»

СПРАВОЧНАЯ СЛУЖБА

+992 37 227 21 79

Местоположение

734012, Республика Таджикистан, г.Душанбе,
ул.им.М. Мастангулова, 32/2

Электронная почта

info@airport.tj