​«Кайҳон» дарҳояшро ба рӯи кӯдакон боз намуд

Беш аз 100 нафар фарзандони кормандони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таътили худро дар лагери тобистонаи «Кайҳон», ки дар дараи зебоманзар ва хушбодуҳавои Ромит воқеъ аст, мегузаронанд.

Инчунин, дар лагери «Кайҳон» дар радифи фарзандони кормандони ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боз 15 нафар тарбиятгирандагони Хона –интернати ноҳияи Шаҳринав ба таври ройгон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.

Дар маросими ифтитоҳи мавсими нави лагери тобистонаи «Кайҳон», ки 30 июни соли ҷорӣ баргузор гашт, раиси Иттифоқи касабаи ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Гулчеҳра Ҷалолова иштирок намуда, аз номи роҳбарият наврасонро ба мавсими нави истироҳат табрик намуда, ба онҳо истироҳати хуш таманно намуд.

Дар лагери тобистонаи «Кайҳон» тамоми шароит барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон фароҳам оварда шудааст. Кӯдакону наврасон дар як рӯз чор маротиба бо хӯроки гарм таъмин гардида, барои хушу гуворо гузаштани таътили тобистонаи бачаҳо бозиҳои гуногуни шавқовари варзишӣ, оббозӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда мешаванд.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

НОВОСТИ

СПРАВОЧНАЯ СЛУЖБА

+992 37 227 21 79

Местоположение

734012, Республика Таджикистан, г.Душанбе,
ул.им.М. Мастангулова, 32/2

Электронная почта

info@airport.tj