​Паём-сармақши кор ва асоси пешрафти мамлакат!

Суханронии муовини Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Меликов А.И. дар ҷаласаи умумии кормандони фурудгоҳ бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷҷикистон



Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷомеа ба таври муфассал фаро гирифта шуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар соли ҷорӣ нишон дода шудаанд, дастури роҳнамо ба сўи ояндаи неки кишвар ба шумор меравад.

Бесабаб нест, ки Сарвари давлатамон дар оғози ин ҳуҷҷати таърихӣ ба ихтилофоту хатарҳои глобалӣ ишора намуда, таъкид карданд, ки «Соли ҷорӣ дар гўшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид».

Воқеан ҳам ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрўз ба асосҳои тартибу низоми ҷаҳонӣ таъсиргузор мебошанд.

Ин суханҳои дурандешонаи Президенти мамлакат моро водор мекунад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматиамон, пешгирии ҳодисаҳои фавқулодда ва алалхусус, амалҳои террористӣ, ҳушёриву зиракии касбӣ ва масъулиятшиносии бештар зоҳир намоем.

Тавре ки Ҷаноби Олӣ дар Паёми хеш таъкид намуданд:

«Дар ин раванд ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоид барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ мегардад».

Аз ин хотир, моро лозим аст, ки бо мақсади иҷрои вазифаҳои муайяншуда ва пурраву самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ ва таъмиру таҷдиди фурудгоҳ, инчунин, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои афзалиятнок оид ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ чораҳои зарурӣандешем.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи моро вазифадор менамояд, ки тамоми имконият, захираҳои моддиву зеҳнӣ ва қувваи худро ба татбиқи амалии вазифаҳои дар пеш гузоштаи Ҷаноби Олӣ равона намуда, ба ин восита хатарҳоро бартараф ва субботу оромӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишварро таъмин намоем.

Паёми Президенти кишвар паҳлуҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандиро дар бар гирифта моро водор месозад, ки барои солҳои дигар барномаҳои кори худро матраҳ намоем, сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофиронро ба савияи боз ҳам баландтар бардорем.

Дар ин робита, ман ҳамаи шуморо, ҳамкорони муҳтарам, даъват мекунам, ки аз ин нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат хулосаи зарурӣ бароварда, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини бехатарии парвозҳо чораҳои амалӣ андешем.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат таъмин хоҳанд шуд. Ҳар як корманди фурудгоҳ вазифадор аст, ки дар партави нишондодҳои Паёми Президенти ҷумҳурӣ фаъолият намуда, барои рушди корхона, барои пешрафти Тоҷикистони азиз ҳамаҷониба ғайрат намояд.

СПРАВОЧНАЯ СЛУЖБА

+992 37 227 21 79

Местоположение

734012, Республика Таджикистан, г.Душанбе,
ул.им.М. Мастангулова, 32/2

Электронная почта

info@airport.tj