Рўзи авиатсия иди муқаррарӣ нест!

Рўзи авиатсия иди муқаррарӣ нест, балки он идест, ки дилбохтагони касби бошарафу наҷиби хавонавардӣ, онҳоеро, ки орзуи деринаи одамонро ба парвоз ва фатҳи фазои бекарон ба амал меоранд, муттаҳид мекунад. Бесабаб намегўянд, оне ки боре шаҳди парвоз чашидааст, дигар ҳаргиз дил аз он канда наметавонад.

Боиси фараҳмандист, ки халқи кўҳантамаддуни тоҷик низ дар баробари мардуми ҷаҳон соҳиби авиатсияи миллӣ ва авиаторони хушсалиқаву баландтахассус мебошад. Авиатсияе, ки имрўз ба синни 89 солагии камолот расидааст. Чун муҳташамии ҳама гуна дастовардҳо дар қиёс рушантар ҷилвагар мешавад, мехостам каме аз сайри таърихии ташаккулёбӣ ва таҳаввулоти соҳаи авиатсияи тоҷик ёдовар шавам.

Авиатсияи граждании ватании мо аз нахустин парвози тайёраи хурдакаки навъи Ю-13, ки сеюми сентябри соли 1924 аз Бухоро ба Душанбе парвоз намуд, ибтидо мегирад. Парвози мазкурро ҳавонавардон Рашидбек Ахриев и Петр Комаров ба амал оварданд.

Ҷолиб аст, ки ҳавопаймои аввалин дар кишвари мо ду сол қабл аз автомобил ва панҷ сол пеш аз поезд пайдо шудааст. Он солҳо, бинобар вуҷуд надоштани роҳҳои заминии нақлиётгард, авиатсия ягона воситаи алоқаи марказ бо дигар ноҳияҳои душворгузари ҷумҳурӣ маҳсуб гардида, дар бисёр маврид фаъолияти ҳаётии онҳоро таъмин мекард.

Бар замми ин авиаторон нақши бузурги сиёсию маърифатӣ, муждарасони гардишҳои навро дар зиндагии мардуми қафомондаи Бухорои шарқӣ бозӣ мекарданд.

21 октябри соли 1924 Николай Баранов ва Александр Велмер, баъд аз тайёрии ҳамаҷониба, дар хатсайри Душанбе -Ғарм - Хоруғ парвози қаҳрамонона ба ҷо оварданд.

Дар баробари ин ду марди шуҷоъ авиаторони зиёде низ буданд, ки ба шароити душвори кўҳистони Тоҷикистон нигоҳ накарда, дар баъзе маврид ҳаёти худро зери хатар монда, робитаи ҳавоиро таъмин мекарданд, аз ҷумла, Н. Рыбалко, С. Любченко, В. Асавин, С. Логинов, Г. Таран ва дигарон.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи нав таваҷҷуҳи зиёд медод. Феврали соли 1930 дар хусуси ташкили аввалин фурудгоҳ дар Душанбе масъалагузорӣ шуда, бо ин мақсад 100 000 сум ҷудо карда шуд, ки барои он замон маблағи ҳангуфт ҳисоб мешуд.

Як сол пас дар Кулоб, Ғарм, Панҷ ва Данғара низ фурудгоҳҳо сохта шуда, парвози мунтазами ҳавопаймоҳо дар ин самтҳо ба роҳ монда шуд.

Дар баробари ин ба масъалаи тайёр кардани мутахассисони миллӣ диққати зиёд ҷудо карда мешуд. Дар як муддати начандон зиёд кадрҳои баландихтисоси миллӣ ба воя расиданд, ки минбаъд дар истифодаи васеътари авиатсия дар ҷодаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми арзанда гузоштанд.

Минбаъд авиатсияи граждании Тоҷикистон босуръат густариш ёфта, наклиёти ҳавоӣ ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти рўзмарраи шаҳрвандон ва бахши муҳими хоҷагии кишвар гардид.

Имрўз мо ҳаёти худро бидуни авиатсия тасаввур карда наметавонем. Наклиёти ҳавоии миллӣ сокинони ҷумҳуриро на танҳо бо минтақаҳои дигари дохилӣ, балки бо ҷаҳони мутамаддин мепайвандад ва ба ҳалқаи ягонаи низоми нақлиётии ҷаҳон ворид шудааст.

Дар ин раванд саҳми бевоситаи роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бағоят бузург аст, ки пайваста ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо, мусофирон, таҳвили бору бағоҷ талош меварзад. Бо ин мақсад парки техникии фурудгоҳ мунтазам иваз карда мешавад, таҷҳизоту механизмҳои навтарини ёрирасон харидорӣ мегарданд. Инчунин ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа эътибори хосса дода мешавад. Бесабаб нест, ки аксари кормандони имрўзаи фурудгоҳро ҷавонони таълимёфта ташкил мекунанд.

Чун Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дарвозаи ҳавоии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, роҳбарияти фурудгоҳ тамоми чораҳоро меандешад, то ки он ҳамеша намуди ободу зебо дошта бошад, барои меҳмонон диққатҷалбкунанда бошад, дар он мусофирон худро бароҳат ҳис кунанд, аз хизматрасониҳои аъло бархурдор гарданд ва ниҳоят, хизмати мо-кормандони фурудгоҳ воқеан ҳам пайвандгари мардумон ва тамаддунҳо бошад.

Дар интиҳо мехоҳам ҳама кормандони соҳаро бо иди касбӣ аз самими қалб табрик намуда, ба ҳар яке тандурустиву хотирҷамъӣ ва рўҳболидагиву хушиҳои рўзгорро таманно кунам. Бигзор дар кору зиндагӣ ҳаргиз болшикаста нагардед!

Аслиддин Меликов, муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

СПРАВОЧНАЯ СЛУЖБА

+992 37 227 21 79

Местоположение

734012, Республика Таджикистан, г.Душанбе,
ул.им.М. Мастангулова, 32/2

Электронная почта

info@airport.tj