Рӯзи таъсисёбии авиатсияи граждании ҶТ муборак!

Табрикоти директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мӯҳтарам Абдуллозода Исматулло Файзулло

Дӯстони иззатманд, ҳамкорон ва меҳмонони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати иди касбӣ- 95- солагии Рӯзи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ ва бо истифода аз мавриди муносиб ҳамчунин бо 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизамон, ки чанд рӯз пас фаро мерасад, самимона табрик менамоям.

Бояд гуфт, ки авиатсия яке аз самтҳои муҳимтарини хоҷагии халқи кишварамон ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши авиатсияи миллиро пайваста таъкид намуда, ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи он назди кормандони соҳа вазифагузорӣ менамояд.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар миёни муассисаҳои авиатсионии кишварамон мақоми пешбарро соҳиб мебошад, ҷиҳати беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасониҳо, қабулу гусели мусофирон, таъмин гардидани амнияти парвозҳо, татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳа пайваста тадбирҷӯӣ менамояд. Чунончӣ, дар солҳои истиқлолият терминали нави мусофиркашонӣ сохта, ба истифода дода шуд, таъмири асосии толорҳои СИП анҷом дода шуда, майдонҳои назди терминалҳои наву куҳна бозсозӣ карда шуданд, перрони фурудгоҳ пурра таъмир гардида, роҳравҳои нави зимомӣ сохта шуданд. Инчунин атрофи фурудгоҳ деворбандӣ гардида, бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ муҷаҳҳазонида шуд.

Дастоварди дигари фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони терминали боркашонии замонавӣ мебошад, ки бо дастгирии молиявии Ҳукумати Япония дар доираи лоиҳаи “Беҳтарсозии инфрасохтори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ба амал оварда шуд.

Сохтмони терминали боркашонӣ, таҷдиди инфраструктураи фурудгоҳи Душанбе ва амалисозии дигар вазифаҳои стратегии ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» ба рушди тамоми иқтисодиёти кишвар таъсири калон мерасонад. Татбиқи лоиҳаи мазкур, аз ҷумла, имконият медиҳад, ки ҷолибияти сармоягузории иқтисодиёти ҷумњурӣ бештар шуда, лоиҳаҳои азими минтақавии автомобилӣ ва роҳи оҳан дастгирӣ карда шаванд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, рушди инфрасохтори нақлиёт, бизнеси хурду миёна таъмин гардад ва ҳиссаи ширкатҳои маҳаллии ҳавопаймоӣ дар бозори ҷаҳонии бору мусофиркашонӣ зиёд карда шавад. Дар қатори дастовардҳои даврони истиқлолият инчунин сохтмони толори наву муосири пешвозу гусели намояндагони расмӣ (толори ВИП)-ро низ қайд кардан лозим аст.

Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пайваста ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо, мусофирон, таҳвили бору бағоҷ талош меварзад. Бо ин мақсад парки техникии фурудгоҳ мунтазам иваз карда мешавад, таҷҳизоту механизмҳои навтарини ёрирасон харидорӣ мегарданд. Инчунин ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа эътибори хосса дода мешавад. Бесабаб нест, ки аксари кормандони имрӯзаи фурудгоҳро ҷавонони таълимёфта ташкил мекунанд.

Чун Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дарвозаи ҳавоии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, роҳбарияти фурудгоҳ тамоми чораҳоро меандешад, то ки он ҳамеша намуди ободу зебо дошта бошад, барои меҳмонон диққатҷалбкунанда бошад, дар он мусофирон худро бароҳат ҳис кунанд, аз хизматрасониҳои аъло бархурдор гарданд ва ниҳоят, хизмати мо-кормандони фурудгоҳ воқеан ҳам пайвандгари мардумон ва тамаддунҳо бошад.

Дар интиҳо мехоҳам бори дигар ҳама кормандони соҳаро бо иди касбӣ аз самими қалб табрик намуда, ба ҳар яке тандурустиву хотирҷамъӣ ва рӯҳболидагиву хушиҳои рӯзгорро таманно кунам.


СПРАВОЧНАЯ СЛУЖБА

+992 37 227 21 79

Местоположение

734012, Республика Таджикистан, г.Душанбе,
ул.им.М. Мастангулова, 32/2

Электронная почта

info@airport.tj