​Служба наземного обслуживания – одна из главных служб аэропорта

Хадамоти хизматрасонии рўизаминии ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» яке аз хадамотҳои муҳим буда вазифаҳои асосии ин Хадамот аз таъминоти фаъолияти корхона бо нақлиёти автомобилӣ, ташкили кори нақлиёти махсус, баамалбарории истифодаи самаранок, оқилона ва эҳтиёткоронаи механизмҳо ва мошинҳои махсус, МСМ, маводи баҳрабардорию таъмиркунӣ ва таҷҳизот тибқи меъёрҳо ва қоидаҳои муқарраршуда, ташкил ва амалисозии хизматрасонии босифат ва саривақтии ҳавопаймоҳо бо механизмҳо ва мошинҳои махсус, ҳамлу нақли мусофирон, почта, борҳо, истифода ва таъмири саривақтии кондисионерҳо, ташкили истифода ва таъмири дурусти техникии мошинҳо ва механизмҳо иборат мебошад.

Айни замон 215 адад техникае, ки ба ин Хадамот вобаста шудааст, дар ҳолати хуби корӣ ва омодабош қарор дошта дар рўзҳои пурбарфу сард мутахассисони Хадамоти номбурда ба таври шабонарўзӣ кор карда барои бе монеа пешвоз ва гусел намудани хавопаймоҳо кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Роҳбарии ин Хадамот дар дўши мутахассиси соҳибтаҷриба Мирзоалӣ Шарипов вогузор шуда инчунин мутахассисону коргарони дигари пешбар ва собиқадор ба мисли Ҷамшед Салоҳов, Гулмаҳмад Солеҳов, Исломиддин Қосимов, Мамед Тошболтаев, Зафар Ғаниев, Марина Кулешова, Маҳбуба Сатторова, Низорамоҳ Одинаева ва Фирўза Ибрагимова дар Хадамоти хизматрасонии рўизаминӣ машғул ба кор буда саъю талоши хешро баҳри рушду ва ободии фурўдгоҳи байналмилаллии Душанбе ҳамарўза мегузоранд.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе»

СПРАВОЧНАЯ СЛУЖБА

+992 37 227 21 79

Местоположение

734012, Республика Таджикистан, г.Душанбе,
ул.им.М. Мастангулова, 32/2

Электронная почта

info@airport.tj