«Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣдастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаиҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид».
Эмомалӣ Раҳмон
- Талошҳои роҳбари давлатамон дар роҳи расидан ба сулҳи сартосарӣ ва Ваҳдати миллӣ шоистаи таҳсину қадрдонист. Маҳз сиёсати оқилона, дурандешона, садоқат ва сулҳхоҳии Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки дар сарзаминамон — Тоҷикистон сулҳу субот, амният ва ризоияти миллию ваҳдат таъмин гардад», -чунин гуфт, зимни конференсияи 5-уми ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/, муовини директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Меликов.
Конференсия ба ифтихори 20-умин солгарди ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 июн таҷлил мегардад, гузаронида шуда, дар он олимону, таърихшиносон ва намояндагони бархе аз вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар конференсия донишмандони шинохта Кароматулло Олимов, Мавлон Мухторов ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулмаҳмадзода доир ба аҳамияти санади барои миллати тоҷик сарнавиштсоз ва таърихӣ –Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки ҳифзи сулҳу амнияти кишвар ва таъмини ваҳдати миллӣ вазифаи муқадаси ҳар шаҳрванди кишвар аст. Аз ин рӯ, ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ бирасем ва онро аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳифз намоем, зеро сулҳу субот барои ҳар як кишвар, хусусан барои миллати тоҷик, ки рӯзҳои мудҳишро паси сар намудааст, неъмат ва дастоварди бузургу сарнавиштсоз аст.
Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе»