Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018», нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 ва ситод таъсис додааст, ки тибқи он корҳо босуръат идома доранд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Фурудгоҳ хадамоту шуъбаҳо нақшаҳои инфиродии чорабиниҳои худро ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 омода сохтаанд ва раванди татбиқи онҳо давом дорад. Дар ин росто, наздик ба 300 техникаю таҷҳизот ва дигар механизмҳое, ки ба таъмини амнияти ҳавопаймоҳо, тоза кардани хати парвоз дар мавсими зимистон ва дигар корҳои хизматрасониҳои рӯизаминии фурудгоҳ махсус гардонида шудаанд, дар ҳолати омодабош қарор доранд. Рўзи 1 ноябри соли 2017 масъулини соҳа, роҳбарияти фурудгоҳ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат бо вазъи омодагии корхона ба мавсими зимистони 2017-2018 аз наздик ошно гаштанд.
Ҳамзамон ба андешаи Бобоҷон Садриддинов, сармуҳандиси ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», роҳбарияти фурудгоҳ бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои рӯизаминии ҳавопаймоҳо ба мустаҳкам кардани заминаи моддӣ – техникии муассиса диққати доимӣ медиҳад. Дар давраи охир як қатор мошину механизмҳои муосири махсуси аэродромӣ харидорӣ шуда, дар истеҳсолот истифода мешаванд, азҷумла, мошинҳои аз барфу ях тозакунии ҳавопаймоҳо — F-90 SI ва F-2000, автозинаҳои махсус, мошинҳои чангкашаки аэродромӣ, автотранспортёрҳо, ядакҳо, таҷҳизоти сайёри қуввадиҳанда, УМП (мошини универсалии гармкунанда), автобусҳои перронӣ, грейдерҳо, мошинҳои худрави боркунанда, экскаватору электрокарҳо, мошинҳои фаршшӯии Н715-665, мошини ёрии таъҷилии тиббии форд «СИКАР-3868», АМБУЛИФТ (лифти амбулаторӣ барои хизматрасонӣ ба маъюбон), мошинҳои муосири сӯхторнишонӣ, таҷҳизоти махсус барои аз хати парвозу нишаст берун кардани ҳавопаймоҳо. Айни замон системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) дар фурудгоҳи Душанбе насб гардида, ба кор дароварда шудаанд. Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба мусофирон низ дар сархати фаъолияти роҳбарияти фурудгоҳ қарор дорад, зеро аз сатҳу сифати хизматрасониҳо мақому мартабаи фурудгоҳ ва нуфузи байналмилалии он сахт вобастагӣ дорад.
Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»