Бақайдгирӣ

Бақайдгирии мусофирон дар фурудгоҳ

Бақайдгирӣ ва хизматрасонии мусофирон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мутобиқи «Қоидаҳои умумӣ оид ба ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон, бағоҷ, бор ва талабот нисбат ба хизматрасонии мусофирон, борфиристонандагон ва борқабулкунандагон», ки бо фармони Вазорати нақлиёти ҶТ №90 аз 02.06.2014 тасдиқ шудааст, ба амал оварда мешавад.

Муҳлати эътибори чипта

Чипта дар мурури замони аз нуқтаи парвоз то нуқтаи таъинот тавассути хатсайри дар чипта зикршуда ба амал овардани ҳамлу нақли мусофир ваё бағоҷи ӯ ҳукми эътибор дорад. Муҳлати амали чипта бо сана ва рақами рейси дар он зикршуда маҳдуд мегардад. Чиптае, ки тибқи тарифи махсус дода шудааст, дар муҳлати муқарраркардаи қоидаҳои татбиқи тарифи мазкур, ҳукми эътибор дорад.

Вижагиҳои хизматрасонии мусофирони дорои чиптаҳои электронӣ

Чиптаи электронӣ ё худ e-ticket шакли электронии чиптаи ҳавопаймоӣ мебошад, ки дар ивази чиптаи муқаррарии коғазӣ дода мешавад. Фарқият танҳо дар он аст, ки ҳамаи маълумот роҷеъ ба мусофир (хатсайр, тариф, дараҷаи хизматрасонӣ, маблағи пардохт, боҷ ва ғ ) на дар рӯи коғаз, балки дар файли чиптаи электронӣ дар базаи маълумоти таҳвилгари масъул маҳфуз мебошад.

Чиптаи электрониро тавассути Интернет аз агентихои сайёҳӣ ва ё агентиҳои чиптафурӯшии худи ширкати ҳавопаймоӣ харидан мумкин аст. Чиптаи электронӣ дар шакли электронӣ нигоҳ дошта мешавад, аз ин рӯ, фаромӯшу гум кардан ва ё дуздидани он ғайриимкон аст. Чиптаи электрониро ҳатто барои дӯстону наздиконе, ки дар шаҳри дигар зингдагӣ доранд, харидан мумкин аст. Онҳоро лозим аст, ки танҳо дар рӯзу вақти муайяншуда ба фурудгоҳ омада, аз қайд гузаранд. Чиптаи электрониро бо корти бонкӣ , пули нақд ва ё ғайринақд харидан мумкин аст.

Баъди харидорӣ шудани чиптаи электронӣ квитансияи хатсайр дода мешавад. Квитансияи мазкур ба қатори ҳуҷҷатҳои ҳисоботи аниқ дохил намешавад, аз ин рӯ, ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳод кардани он шарт нест, кофист, ки танҳо шиноснома пешниҳод карда шавад.Агар чиптаи электронӣ аз сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ ҳарида шуда бошад, баъди пардохти ҳаққи чипта ба мусофир тавассути почтаи электронӣ квитансияи хатсайр ирсол карда мешавад. Бақайдгирии мусофироне, ки чиптаҳои электронӣ доранд, дар тартиби муқаррарӣ дар нуқтаҳои бақайдгирии фурудгоҳ сурат мегирад.

Талони саворшавӣ

Талони саворшавӣ ҳуҷҷатест, ки мавриди бақайдгирӣ дар фурудгоҳ ба мусофир дода шуда, дар он оид ба рейс, вақти оғоз ва анҷоми саворшавӣ, рақами баромадгоҳи саворшавӣ, рақами ҷои нишаст дар дохили ҳавопаймо, рақами чиптаи ҳавопаймоӣ иттилоъ дода мешавад.

Вақти оғоз ва анҷоми бақайдгирӣ

Оғози бақайдгирии мусофирон ва бағоҷ:

ба рейсҳои маҳаллӣ – 2 соат пеш аз вақти дар чипта нишондодашудаи парвози ҳавопаймо;

ба рейсҳои байналмилалӣ - 2,5-3 соат пеш аз вақти дар чипта нишондодашудаи парвози ҳавопаймо;

Анҷоми бақайдгирӣ:
ба рейсҳои маҳаллии ҳавопаймоҳои дараҷаҳои 1 ва 2 – 20 дақиқа пеш ва ҳавопаймоҳои дараҷаҳои 3ва 4 -30 дақиқа пеш аз парвози хавопаймо;

ба ҳавопаймоҳои рейсҳои байналмилалӣ – 40 дақиқа пеш аз вақти парвози ҳавопаймо.
Диққат! Вақти оғоз ва анҷоми бақайдгирӣ метавонад вобаста ба хусусиятҳои рейс ва қоидаҳои ширкати ҳавопаймоӣ аз вақти дар боло зикршуда фарқ кунад.

Дар фурудгоҳ воситаҳои овозӣ ва визуалии (муоинашавандаи) иттилоотонии мусофирон оид ба парвози рейси дахлдор вуҷуд дорад. Толорҳои парвоз ва фуруди мусофирон бо лавҳаҳои электронии иттилоотӣ муҷаҳҳазонида шудаанд. Инчунин дар шафати нуқтаҳои бақайдгирии мусофирон ин қабил лавҳаҳо насб гардида, дар онҳо номи ширкатҳои ҳавопаймоӣ, рақами рейс, фурудгоҳи таъинот, рақами нуқтаҳои бақайдгирӣ нишон дода мешаванд.

Намудҳои назорат

Дар рейсҳои дохилӣ мусофирон баъди аз қайд гузаштан аз муоинаи идентификатсионии шахсият ва санҷиши амниятӣ мегузаранд.

Дар рейсҳои байналмилалӣ мусофирон аввал аз сабти ном, баъд аз муоинаи гумрукӣ ва сипас аз санҷиши сарҳадиву амниятӣ мегузаранд. Мусофироне, ки бо худ ҳайвоноти хонагиро мебаранд, инчунин аз муоинаи ветеринарӣ мегузаранд.

Бақайдгирии мусофирони дермонда

Мусофир дар сурате дермонда маҳсуб мешавад, ки аққалан 40 дақиқа пеш аз вақти парвоз ба нуктаи бақайдгирӣ ҳозир нашуда бошад. Ин гуна мусофирон бо иҷозати ширкати таҳвилгар ба қайд гирифта мешаванд.

Саворшавӣ ба ҳавопаймо
Саворшавӣ ба райсҳои маҳаллӣ дар ошёнаи 1-уми терминали 2 сурат мегирад.

Саворшавӣ ба райсҳои байналмилалӣ дар ошёнаи 2-юми терминали 1 сурат мегирад,

Саворшавии мусофирон ба ҳавопаймо 40 дақиқа қабл аз вақти парвоз ва ё бо нишондоди намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ шурӯъ мешавад.

Дар талони саворшавӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ ба мусофир дода мешавад, рақами баромадгоҳ ва вақти оғози саворшавӣ зикр мешавад.

Мавриди эълон шудани саворшавии мусофирон ба баромадгоҳи мувофиқ гузашта, ба агенти навбатдор талони саворшавӣ ва шиноснома пешниҳод карда мешавад. Баъдан ба автобусе, ки ба назди ҳавопаймо меорад, савор шудан лозим аст ва ё тавассути трапи махсуси телескопӣ, ки ҳавопайморо бо бинои терминал мепайвандад, ба ҳавопаймо гузаштан лозим аст.

Ҳамлу нақли кӯдакон

Кӯдакони синни то 12-сола танҳо дар ҳамроҳӣ бо мусофирони калонсол таҳвил дода мешаванд. Кӯдакони бемушоиати синни аз 2 то 12-сола танҳо баъди аз ҷониби волидон (шахсони ба фарзандӣ қабулкарда, васӣ ё парастор) навишта шудани аризаи хаттӣ да хусуси таҳвили чунин кӯдак таҳти назорати таҳвилгар интиқол дода мешаванд. Бо хоҳиши онҳо кӯдакони синни то 16-сола низ метавонанд зери назорати таҳвилгар интиқол дода шаванд.

Дар тамоми сархати Тоҷикистон қоидаҳои ягонаи ҳамлу нақли кӯдакон муқаррар карда шудаанд: мусофири калонсол танҳо як кӯдаки синни то 2-соларо метавонад таври ройгон, бидуни пешниҳоди ҷои алоҳидаи нишаст, бо худ барад. Агар мусофир бо худ аз як кӯдаки синни то 2-сола бештар дошта бошад, пас интиқоли онҳо қисман пардохта шуда, барояшон ҷойҳои алоҳидаи нишаст пешниҳод карда мешавад.

Барои кӯдакони аз 2 то 12-сола ба андозаи 50% тахфиф пешниҳод карда мешавад. Синни кӯдак ба рӯзи ба амал оварда шудани ҳамли ӯ муқаррар карда мешавад. Баъзе ширкатҳои ҳавопаймоӣ меъёри дигари синнусолии интиқоли кӯдаконро муқаррар мекунанд, ки аз ин хусус мавриди харидани чипта маълумот гирифтан мумкин аст.

Агар мусофири ноболиғ бе мушоиати волидон (шахсони ба фарзандӣ қабулкарда, васӣ ё парастор) хориҷи Тоҷикистон сафар намояд, ӯ бояд бо худ ғайри шиноснома розигии дар нотариат тасдиқ кардашудаи шахсони қаблан зикргардидаро, ки дар он муҳлати сафар ва кишвари (кишварҳои) мавриди сафар зикр гардидааст, дошта бошад, агар мусофири ноболиғ марзи Тоҷикистонро ба муҳлати аз се моҳ зиёд тарк карданӣ бошад, чунин розигии волидон (шахсони ба фарзандӣ қабулкарда, васӣ ё парастор) бояд инчунин аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ дар тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати ҶТ тасдиқ карда шавад. Агар яке аз волидон, шахсони ба фарзандӣ қабулкарда, васиён ё парасторон дар хусуси аз қаламрави Тоҷикистон берун сафар кардани шаҳрванди ноболиғи ҶТ изҳори норозигӣ кунад, масъалаи аз марзи Тоҷикистон хориҷ рафтани чунин кӯдак дар тартиби судӣ ҳал карда мешавад.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj