Бағоҷ

Гирифтани бағоҷ

Мусофирони рейсҳои маҳаллӣ баъди фуруд ба минтақаи бағоҷгирӣ меоянд.

Мусофирони рейсҳои байналмилалӣ баъди фуруд ба минтақаи бағоҷгирӣ меоянд.Баъди гирифтани бағоҷ, агар бори зарурати декларатсияшавӣ дошта бошед, тавассути «роҳрави сурх» убур кунед. Агар бори мавриди декларатсия надошта бошед, тавассути «роҳрави сабз» гузаред.

Ҳангоми гирифтани бағоҷ рақами барчаспи бағоҷро бо рақами дар талони кандашавандаи чиптаатон зикршуда муқоиса карда лозим аст. Талони кандашавандаи бағоҷ сипас ба корманди шуъбаи бағоҷдиҳӣ супорида мешавад.

Доир ба ҳама масъалаҳои марбути бағоҷ (наомадан, осеб дидан, норасоӣ, қабули бағоҷи ғайригабаритӣ ва ғ.) ба кормандони шуъбаи бағоҷдиҳӣ ва ё шуъбаи арзу шикоятҳои толори фурудоии мусофирон муроҷиат кунед.

Ҷустуҷӯи бағоҷи гумшуда

Да сурати гум шудан ё осеб дидани бағоҷатон Шуморо лозим аст, ки фавран ба корманди шуъбаи шикоятҳо, ки дар толори бағоҷдиҳии Терминали 1 ҷойгир аст, муроҷиат намуда, дар хусуси гум шудан ё осеб дидани бағоҷи худ ариза нависед.

Дар асоси аризаи хаттии мусофир, ки дар заминаи ҳуҷҷати боркашонӣ тартиб дода шудааст, агент оид ба кофтукови бағоҷ ҷиҳати дарёфти бағоҷи бақайдгирифташуда тадбирҳои зеринро ба амал меорад:

- ба фурудгоҳе, ки ҳавопаймо аз он парвоз кардааст, дар хусуси бағоҷ дархост мефиристад ;

-ба фурудгоҳҳое дархост мефиристад, ки бағоҷ иштибоҳан метавонист он ҷо фиристода шавад;

-дар хусуси ба фурудгоҳи таъинот таҳвил додани бағоҷи ёфтшуда дархост мефиристад.

Мутобиқи қонунгузории ҷории ҶТ ҷустуҷӯи бағоҷ дар муддати 21 рӯз ба амал оварда мешавад. Агар дар ин муддат бағоҷ дарёфт нагардад, мусофир ҳуқуқ дорад, ки ба ширкати ҳавопаймоӣ ҷиҳати ҷуброн намудани зарари дар ин робита расонидашуда муроҷиат намояд.

Маълумоти бештарро дар ин хусус метавонед тавассути телефонҳои зерин ба даст оред:

915-50-31-31

223-16-34

Зарарёбии бағоҷ

Зарари бағоҷ ошкоро ё пӯшида буда метавонад, инчунин имкон дорад, ки ба оканаи он зарар расонида шавад. Ба мусофир танҳо зарари дидашаванда ҷуброн карда мешавад. Дар сурати ошкор гардидани зарарёбии бағоҷ мусофир бояд ба шуъбаи арзу шикоятҳои фурудгоҳ, ки дар минтақаи додашавии бағоҷи Терминали 1 ва инчунин дар ошёнаи дуюми Терминали 2 воқеъ гардидааст, муроҷиат намояд.

Ба ариза дар бораи осебёбии бағоҷ хуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

Чиптаи ҳавопаймоӣ (ё нусхаи он) ва талони саворшавӣ;

Талони кандашавандаи барчаспи бағоҷ;

Санади тиҷоратӣ бо тасвири муфассали ҳодиса.

Иттилоот оид ба тартиби бақайдгирии бағоҷ дар анбори тиҷоратӣ

Барои фиристодани бор ба диспетчери анбори тиҷоратӣ муроҷиат кардан лозим аст.

Борфиристанда баъди ба диспетчери анбори тиҷоратӣ муроҷиат намудан, дархостнома гирифта, онро пур мекунад. Бор ба диспетчери анбори тиҷоратӣ супорида мешавад. Баъди аз ҷониби диспетчери анбори тиҷоратӣ қабул шудани бор он аз санҷиши кормандони хадамоти гумрук, хадамоти муоинаи бор ва хадамоти санитарӣ-карантинӣ мегузарад. Баъд аз ин диспетчери анбори тиҷоратӣ ба дархостномаи борфиристанда имзо мегузорад. Борфиристанда дархостномаи имзошударо гирифта, ҳаққи хизматрасониро дар хазина мепардозад ва дар ивазаш аз хазинадор борхати авиатсиониро гирифта, ба назди диспетчер меояд ва пардохти ҳаққи таҳвили борро тасдиқ мекунад. Бор, вобаста ба миқдор ва хусусияти он, на кам аз 12 соат пеш аз парвози ҳавопаймо қабул карда мешавад.

Мусофирони муҳтарам!

Таваҷҷуҳи Шуморо ба он ҷалб мекунем, ки ҳаҷму андозаҳои бағоҷ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ мустақилона, бо назардошти хусусиятҳои ҳавопаймо, муайян карда мешавад. Агар Шумо бағоҷи калонҳаҷм ё аз меъёр зиёд бурданӣ бошед, маслиҳат медиҳем, ки баҳри пешгирӣ намудани ҳолати баҳснок ва инчунин аниқ кардани меъёрҳои ҳамли бағоҷу сари вақт ба расмият даровардани он қаблан ба намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ муроҷиат кунед.


ИТТИЛООТИ БЕШТАРРО ОИД БА ҚОИДАҲОИ ҲАМЛУ НАҚЛИ БАҒОҶ ДАР ИН ҶО ДАСТРАС КАРДА МЕТАВОНЕД

ИТТИЛЛОТИ МУФАССАЛТАРРО ОИД БА ҚОИДАҲОИ ҲАМЛУ НАҚЛИ ҲАЙВОНОТ ВА НАБОТОТ ДАР ИН ҶО ДАСТРАС КАРДА МЕТАВОНЕД

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj