Маълумот барои муссофирон

Парвоз

Дар назди даромадгоҳи бинои аэровокзал ва толори CIP-и фурудгоҳ лавҳаи электронӣ мавҷуд аст, ки дар бораи рейсҳои тӯли 24 соат (як шабонарӯз) ба амал овардашаванда иттилоъ медиҳад. Мусофир бо гирифтани чиптаи авиатсионӣ, талони саворшавӣ ва барчаспҳои бағоҷӣ ба минтақаи муоинаи шиносномавӣ мегузарад ва дар ин ҷо дар шиноснома ва талони саворшавии ӯ муҳр зада мешавад, ки аз муоинаи шиносномавӣ гузаштани мусофирро тасдиқ мекунад. Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо назорати сарҳадӣ амал мекунад. Баъди тафтиши шиносномавӣ мусофир ба минтақаи муоинаи бехатарӣ мегузарад. Ин ҷо дар бағоҷи мусофир мавҷуд будани борҳои мамнӯъ, ки барои ҳаёту саломатии мусофирон, аъзои экипаж ва ҳавопаймо хатарнок мебошанд, тафтиш карда мешавад. Пас аз ин мусофир аз муоинаи махсус гузашта, ба толори интизорӣ –минтақаи холис ворид мешавад, ки ин ҷо барои ӯ қаҳвахона, мағозаҳои савдои бебоҷ, тамошои телевизор пешниҳод мегарданд.

Фуруд

Баъди фурудоӣ мусофирон тавассути автобус ба толори омад таҳвил дода мешаванд ва ин ҷо аз санҷиши шиносномавӣ-раводидӣ мегузаранд. Нуқтаҳои пуркунии кортҳои муҳоҷиратӣ дар толори санҷиши шиносномавӣ ҷойгир шудаанд. Дар пур кардани кортҳои муҳоҷиратӣ сарҳадбоне, ки кортҳои мазкурро медиҳад, кӯмак мерасонад. Баъди санҷиши шиносномавӣ мусофирон ба минтақаи бағоҷгирӣ мегузаранд. Бағоҷ ба транспортер гузошта мешавад. Мусофир баъди гирифтани бағоҷи худ ҳангоми аз минтақаи мазкур баромадан барчаспҳои бағоҷиро барои муқоиса намудани мувофиқатии бағоҷи гирифташуда ба нишондодҳои талони ҷудошавандаи барчаспи бағоҷӣ ба қабулкунандагону супорандагони бағоҷ медиҳад. Баъд аз гирифтани бағоҷ мусофир ба минтақаи муоинаи гумрукӣ мегузарад ва баъди пур кардани эъломияҳои гумрукӣ ва пардохтани боҷу андозҳои зарурӣ (агар чунин зарурат бошад) ба шаҳр, ба назди пешвозгирандагон мебарояд.

Агар мусофир ҳангоми гирифтани бағоҷ вайроншавӣ , зарарбинӣ ва ё гумшавии бағоҷашро ошкор кунад, бояд фавран ба қабулкунандагону супорандагони бағоҷ муроҷиат намояд. Дар асоси муроҷиати мусофир қабулкунандагону супорандагони бағоҷ бояд санад тартиб дода, дар хусуси ҳолати воқеии бағоҷ ба мусофир маълумотнома диҳанд. Мусофир бояд ариза навишта, дар он оид ба бағоҷ, вазн, миқдор, борбандӣ, оканаи бағоҷ ва ҳоказо маълумот диҳад. Санади тиҷоратӣ аз ҷониби сардори басти ХИТФ имзо карда мешавад.

Маводи ҷамъшуда ҳамроҳи барчаспҳои бағоҷӣ ба нозир оид ба шикоятҳо, ки барои ҷустуҷӯи оперативии бағоҷи гумшуда ва ба соҳиби бағоҷ баргардонидани он масъул мебошад, супорида мешавад. Дар сурати бо айби ширкати ҳавопаймоӣ гум шудани (осеб дидани) бағоҷи мусофир, маводи шикоятӣ ба ширкати ҳавопаймоӣ, ки парвозро ба амал овардааст, интиқол дода мешавад.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj