Таърих

ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ - ПАЙВАНДГАРИ МАРДУМОН ВА ТАМАДДУНҲО

«Авиатсияи гражданӣ симои кишвар аст. Дар шароити мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолият саҳми он дар пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамаддуни ҷаҳонӣ бебаҳо мебошад... Авиатсия фарҳангҳо, мардумон ва тамаддунҳоро мепайвандад».

Эмомалӣ Раҳмон.


Таърихи кишвар оғози фаъолияти авиатсияи граждании Тоҷикистонро 3 сентябри соли 1924 сабт намудааст. Яъне аввалин парвоз тариқи ҳавопаймои Ю-13 (Юнкерс Ф-13) аз Бухоро ба Душанбе дар ҳайати сарнишинон Пётр Комаров ва Рашидбек Ахриев маҳз дар ҳамин рӯз сурат гирифт ва он дар таърих ҳамчун Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон сабт шуд.

Зимнан, аз ҳамаи намудҳои нақлиёте, ки имрӯздар мамлакат мавриди истифодаанд, авиатсия аввалин шуда - ду сол пеш аз автомобил ва 5 сол пеш аз поезд - ба пойтахти Тоҷикистон омадааст. Ва бояд ҳамин тавр ҳам мешуд, зеро паҳн гардидани ғояҳои Инқилоби Октябр дар Осиёи Марказӣ ва таъсис ёфтани ҷумҳуриҳои алоҳида тақозо мекард, ки таъсири марказ ба ин ҷумҳуриҳо ҳар чи зудтар ва бештар расад.

Тоҷикистон дар ибтидо, агарчи ҷумҳурии автономӣ эълон шуда буд, аммо аз ҷиҳати мавқеи стратегӣ ва ҷуғрофӣ яке аз ҷумҳуриҳои калидӣ ба ҳисоб мерафт ва авиатсия дар он бояд роли қосидро бозида, хабари ҳаводиси минтақаро зуд ба марказ мерасонд ва хабари марказро ба минтақа меовард. Ин буд, ки дар кишвар дар як муддати кӯтоҳ роҳҳои нави ҳавоӣ пайдо шуданд. Аввал дар Сталинобод аэроузел таъсис ёфта, соли 1930 фурудгоҳи дараҷаи якум мавриди истифода қарор гирифт. Сипас парвозҳо ба минтақаҳои мушкилгузари Қаротегин, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Бартанг, Яғноб ва ғайра амалӣ гаштанд.

Соли 1937 Раёсати минтақавии Флоти ҳавоии Тоҷикистон (ФҲТ) таъсис ёфт. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳавопаймоҳои нав гардад. Соли 1945 ба ихтиёри Раёсати ФҲТ ҳавопаймоҳои Ю-52, Ли-2 вогузошта шуданд. Дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистон аввалин парвоз бо хатсайри Сталинобод - Москва тавассути ҳавопаймои Ли-2 амалӣ гашт.

Дар солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ парки авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ҳавопаймои машҳури Ан – 2 пурра гашт. Ин ҳавопаймо на танҳо бору мусофир мекашонд, балки дар корҳои кишоварзӣ низ васеъ истифода мешуд.

Соли 1954 ҳавопаймои думуҳаррикдори Ил - 12 ба Тоҷикистон омад ва аввалин парвозро дар хатсайри Сталинобод - Сочи анҷом дод. Солҳои баъдӣ ба туфайли ихтироъҳои навин парки Флоти ҳавоии Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳои тамғаҳои нав ба нави Ил - 14, Ил - 18, Ан - 6 ва чархболи Ми - 4 пурра гашт. Ҳамзамон дар омӯзишгоҳҳои техникию муҳандисӣ ва академияҳои ҳавопаймоии Россия, Қазоқистон, Украина, Қирғизистон, Латвия ва ғайра барои соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон кадрҳои баландихтисос тайёр карда мешуданд.

Бояд гуфт, ки мутахассисони соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон нисбат ба ҳамкасбони худ аз ҷумҳуриҳои дигар бобати азхуд намудани хатсайрҳои мушкилгузар пешсаф буданд. Соли 1959 лётчик Воробёв Б.М. бо ҳавопаймои Ан - 6 болои кӯли яхбастаи Сарез фуруд омад. Дар соли 1960 ҳавопаймои Ил – 18 аввалин маротиба бо хатсайри Сталинобод - Москва парвоз кард. Ин парвоз аз он ҷиҳат таърихӣ буд, ки ҳавопаймои Ил - 18 яке аз намунаҳои беҳтарини ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ ба ҳисоб мерафт ва махсус барои мусофиркашонӣ пешбинӣ шуда буд.

Сохтори авиатсияи граждании Тоҷикистон беш аз пеш васеъ гашта, таҳким меёфт. Соли 1959 муассисаи авиатсионии Ленинобод (ҳоло Суғд) ва соли 1960 муассисаи авиатсионии Кӯлоб ташкил гардиданд. 3 марти соли 1960 бошад, дар пойтахти ҷумҳурӣ маҷмааи фурудгоҳ ва майдони парвозу нишасти ҳавопаймоҳо мавриди истифода қарор гирифта, хатсайрҳо аз Сталинобод (Душанбе) ба Фрунзе (Бишкек), Алмаато, Новосибирск ва ғайра кушода шуданд.

Солҳои 70-80 асри гузашта барои авиатсияи граждании Тоҷикистон солҳои пешрафт маҳсуб мешаванд, зеро баробари васеъ шудани хатсайрҳо парки ҳавопаймоҳои Раёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳои тамғаҳои нав пурра мегардид. Тавассути ҳавопаймоҳои Ту - 154, Як - 40, Ан - 24, Ан - 28 парвозҳо ба ҳамаи самтҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сурат гирифтанд. Дар солҳои 1990 - 1991 парки ҳавопаймоии Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳои Ил - 76, Ту - 154 М, чархболҳои Ми - 8, Мтв - 1 пурра гашт.

Дар солҳои мудҳиши даргириҳои дохилӣ мутахассисони соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон тавонистанд, ки парки ҳавопаймоҳоро пурра нигоҳ дошта, мувофиқи талаботи замони нав, яъне муносибатҳои нави истеҳсолӣ ва иқтисоди бозор кордорӣ намоянд. Бо талаби замон дар сохтори идоракунии авиатсияи граждании кишвар дигаргуниҳо ба амал омада, Ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷикистон» ва сипас Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» арзи ҳастӣ карданд, ҳамзамон дар фазои кишвар ҳавопаймоҳои тамғаҳои нав, аз ҷумла «Боинг» - ҳо пайдо шуданд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10 2008 «Дар бораи аз нав ташкилдиҳии КВДҲ «Тоҷик Эйр» дар рушди авиатсияи граждании Тоҷикистон марҳилаи нав гардид. Тибқи он дар қатори ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр», КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва ғайра КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» низ мустақил гардида, чун субъекти алоҳидаи хоҷагидорӣ аз моҳи феврали соли 2009 ба фаъолият шурӯъ кард. Соли 2010 он ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» табдил ёфт.

ҶCК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» сохторест, ки оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо хидматгузориҳои рӯизаминӣ карда, бо ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва ғайра дар асоси қарордод кор мебарад.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 23 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 6 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷаи дур, 15 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва 2 ширкати маҳаллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶДММ «Сомон Эйр» ба амал бароварда мешаванд.

Низоми парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳ аз омилҳои зиёде, чун вазъи обу ҳаво, дер омадани ҳавопаймоҳо, ба ҷойҳои холӣ гирифтани мусофирон, тағйир ёфтани вақти парвоз, иваз кардани навъи ҳавопаймоҳо, аз назар гузаронидани мусофирон ва бағоҷ ба манфиати амнияти парвоз ва ғайра вобаста буда, роҳбарияти фурудгоҳ тамоми тадбирҳоро меандешад, ки ҳар як парвоз сари вақт ва бо сифати баланд ба амал ояд.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пайваста такмил меёбад ва ободу зебо мегардад. Низоми аэронавигатсионии он тибқи созишномаи қарзии соли 2001 (маблағи ҷудокардаи Бонки аврупоии рушд ва таҷдид беш аз 3 млн. доллари ИМА – ро ташкил медод) нав карда ва бо асбобҳои навтарин ҷиҳозонида шудааст. Дар хатти сунъии парвозу фурудоӣ ва перрон тибқи талаботи замон борҳо корҳои ободонию навсозӣ ба амал бароварда шудаанд.

Айни замон фурудгоҳ дорои як хатти парвозу фурудоӣ бо фарши сунъии курсаш 09 – 27, андозааш 3112м. х 45 м., 4 перрон барои гузоштани ҳавопаймоҳои тамғаҳои гуногун, аз ҷумла ҳавопаймоҳои мусофиркаши васеъфзюзеляжии намудҳои «Boeing» ва «Airbus», IL – 96, IL – 86, инчунин ҳавопаймоҳои намудҳои АN – 124 «Руслан», IL – 76 ва ғайра, ҳавопаймоҳои калонҳаҷми боркаш мебошад. Он бо низоми рӯшноидиҳии ОВИ – 1 (рӯшноии баланди категорияи 1) «SIEMEN» ва низоми фурудории «NORMAK – 7000» бо курси асосии фурудории – 09 ҷиҳозонида шудааст.

Вуруд ба ҳудуди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тибқи талаботи аз ҷониби умум пазируфташудаи стандартҳои байналхалқии амният тавассути насбсозии таҷҳизоти нав (васоити муоина, системаи мушоҳидаю сабти видеоӣ, алоқаи радиотелефонӣ, дарҳои даврзананда, дарвозаҳои оҳанин) сурат мегирад. Оид ба такмилу навсозии таҷҳизоти хизматрасонии рӯизаминӣ ба ҳавопаймоҳо мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.

Феълан байни Ҳукумати Франсия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони терминали нави фурудгоҳ барои 500 мусофир / соат қарордод ба имзо расидааст.

Ҳамлу нақли зуд ва боэътимоди мусофирон ва борҳо вазифаи муҳимтаринест, ки бояд фурудгоҳҳо дар пайвастагӣ ва ҳамкориҳои зич бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ҷо оранд. Ин нукта ҳам мусаллам аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамкориҳои босамари иқтисодии байналхалқӣ ягон мамлакат ва ё гурӯҳи мамлакатҳо инфрасохтори нақлиётии худро дар алоҳидагӣ, бе кӯшишҳои якҷояи ҳамсоядавлатҳо, ҳамаи давлатҳои ташкилдиҳандаи низоми ҷаҳонии хоҷагидорӣ рушд дода наметавонад. Аз ҳамин нуқтаи назар имкониятҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои ҳамлунақлгарони ҳавопаймоии хориҷӣ ба сабаби мавқеи ҷуғрофии худи мамлакат ва пойтахти он шаҳри Душанбе басо ҷолибанд. Ногуфта намонад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзҳои 30о ба қисмати Шимол ва 71о ба қисмати Шарқии Осиёи Марказӣҷой гирифта, дар масофаи 700 км аз ғарб ба шарқ ва беш аз 350 км аз шимол ба ҷануб доман паҳн кардааст. Он бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Чин ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Ба ибораи дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои Аврупо – Осиё мавзеи басо муҳим ва калидӣ буда, дар нуқтаи баҳамоии бисёр роҳҳои таърихӣ ҷойгир шудааст, ки яке аз онҳо Роҳи бузурги Абрешим аст. Ба таври дигар гӯем, Тоҷикистон метавонад пули табиии ҳавоӣ – нақлиётии байни мамлакатҳои ду қитъа – Осиё ва Аврупо гардад.

Дар робита бо ин, масъалаи муҳиме, ки имрӯз дар назди Фурудгоҳи байналмилавлии Душанбе меистад, ташкили роҳҳои ҳавоии мобайнӣ (коридорӣ) миёни мамлакатҳои ин ду қитъа ва ба ҳамин васила мусоидат кардан ба густаришу баланд бардоштани самаранокии алоқаҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ ва мусофиру боркашонӣ мебошад. Ба ин тариқ, хатти аврупоӣ – осиёии ҳамгироии Тоҷикистон низоми ҷаҳонии хоҷагидориро бо роҳҳои боэътимоди нақлиёти ҳавоӣ таъмин менамояд.

Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба татбиқи лоиҳаи бунёди нуқтаи бознишасти (истгоҳи гузариши) ҳавопаймоҳо (ХАБ) шурӯъ кардааст. Айни замон гуфтугӯҳо бо ширкатҳои байналхалқии тиҷоратӣ оид ба саҳми онҳо дар татбиқи лоиҳаи мазкур ҷараён доранд. Нуқтаи бознишасти мазкур як навъ пайвандгари хатсайрҳо гардида, имконият фароҳам меорад, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ роҳҳои нисбатан пурсамари интиқоли мусофирон ва борҳоро дарёфт кунанд.

Дар шароити имрӯза масъалаҳои сайёҳӣ низ басо муҳиманд. Кӯшишҳои фурудгоҳ дар ин самт ба он нигаронида шудаанд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии байналхалқӣ ва масъулини соҳаи сайёҳӣ дар симои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шарики боътимоди худро бинанд.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дарвозаи ҳавоии Тоҷикистон ва пойтахти он аст. Роҳбарияти фурудгоҳ тамоми чораҳоро мебинад, ки он ҳамеша намуди ободу зебо дошта, таваҷҷӯҳи меҳмононро ба худ ҷалб намояд, дар он мусофирону меҳмонон пайваста осоишу фароғат эҳсос карда, аз хизматрасониҳои аъло бархурдор гарданд ва ниҳоят, парвозҳое, ки аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба амал меоянд, воқеан пайвандгари мардумон ва тамаддунҳо бошанд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj