Толорҳои VIP ва CIP

Толорҳои VIP ва CIP яке аз муҳимтарин ҷузъи фурудгоҳ буда, барои ба мусофирони дараҷаи VIP ва CIP расонидани хизматҳои имтиёзнок, аз он ҷумла, бароҳат мунтазир шудани фарорасии вақти парвоз ва инчунин ба таври алоҳида гузаштани чорабиниҳои ташкилотӣ, гумрукӣ ва сарҳадӣ пешбинӣ шудаанд. Барои ин қабил мусофирон толори алоҳида вуҷуд дорад, ки тавассути он аз муоинаи шиносномавӣ ва гумрукӣ мегузаранд. Баъзан барои ба ҳавопаймо савор шудани мусофирони дараҷаҳои VIP ва CIP зинаи алоҳида пешниҳод карда мешавад. Минбаъд мусофирони мазкур тибқи чиптаҳои худ дар дохили ҳавопаймо ҷобаҷо карда мешаванд.

Хизматрасониҳо дар толорҳои VIP ва CIP

Ҳангоми ба таъхир гузошта шудани вақти парвоз мусофир метавонад дар толори VIP ва CIP эълони саворшавиро интизор шавад. Ҳар як давлат қоидаҳои худро дошта метавонад, аз ин рӯ, ҳангоми хариди чиптаи ҳавопаймоӣ тартибу қоидаҳои бақайдгирии мусофирон ва бору бағоҷи онҳоро аниқ кардан лозим аст.

Толори CIP барои мусофироне пешбинӣ шудааст, ки мехоҳанд дар ивази пули муайяндар шароити баҳаловат, ҷудогона аз мусофирони дигар парвоз кунанд. Маблағи хизматрасонӣ дар толори CIP барои як мусофири омада 30 доллари ИМА ва барои мусофири парвозкунанда 60 доллари ИМА-ро ташкил мекунад, ки тибқи қурби амалкунанда бо пули миллӣ пардохта мешаванд.

Толор шабонарӯзӣ кор мекунад. Телефон барои тамос: (47) 449-41-30

Толори VIPбарои ашхоси мансабдор пешбинӣ гардидааст, ки рӯйхаташон аз ҷониби Ҳукумати ҶТ тасдиқ карда шудааст. Аз хизматрасонии толори VIP инчунин мусофирони дигар низ баҳравар шуда метавонанд. Ҳаққи хизматрасонии толори VIP 70 доллари ИМА-ро ташкил мекунад. Мусофирони толори VIP ба таври ҷудогона аз расмиятҳои бақайдгирӣ, шиносномавӣ ва сарҳадиву гумрукӣ гузашта, дар шароити мусоиду гуворо ва боҳаловат фарорасии вақти саворшавиро ба ҳавопаймо мунтазир мешаванд. Барои бофароғат гузаштани вақт ва болидагии табъи мусофирон телевизорҳои муосир, интернети ройгон, Wi-Fi дар хизмати онҳо мебошад. Мусофирон бо автобуси махсус ба назди ҳавопаймо бурда ва аз он ҷо оварда мешаванд. Сатҳи баланди хизматрасонӣ дар толори VIP саёҳати Шуморо боз ҳам ҷолибтару дилпазир мегардонад.

Диққат: аз хизматрасониҳои толори VIP ҳама мусофирон, новобаста аздараҷаи чипта, баҳраманд шуда метавонанд.

Толор шабонарӯзӣ кор мекунад. Телефон барои тамос: (47) 449-45-38; 221-65-86.

Нархномаи

хизматрасониҳои тиҷоратӣ дар толорҳои VIP, CIP ва VIP «Gold»-и

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилдалии Душанбе»

ФАРМОИШИ ХИЗМАТРАСОНИХОИ VIP/CIP



Номгӯй

Нарх ($ ИМА) бо назардошти ААИ

1.

Хизматрасонии як мусофир дар толори VIP:

- барои мусофирони аз марзи Тоҷикистон хориҷшаванда

70

- барои мусофирони ба марзи Тоҷикистон воридшаванда

70

- барои кӯдакони синни аз 5 то12-сола

35

- барои мусофирони дар фазои дохилии Тоҷикистон парвозкунанда

35

- барои ин қабил кӯдакони аз 5 то 12-сола

17

2.

Хизматрасонии як мусофир дар толори CIP-и Т-1:

барои мусофирони аз марзи Тоҷикистон хориҷшаванда

60

барои мусофирони ба марзи Тоҷикистон воридшаванда

30

барои мусофирони ба ҳудуди Тоҷикистон парвозкунанда

30

барои мусофирони аз ҳудуди Тоҷикистон омада

15

Барои кӯдакони аз 5 то 12 -сола:

мавриди хориҷшавӣ аз марзи Тоҷикистон

30

мавриди воридшавӣ ба марзи Тоҷикистон

15

мавриди парвоз дар ҳудуди Тоҷикистон

15

мавриди омад аз ҳудуди Тоҷикистон

7,5

3.

Хизматрасонии як мусофир дар толори CIP-и Т-2:

барои мусофирони аз марзи Тоҷикистон хориҷшаванда

60

барои мусофирони ба марзи Тоҷикистон воридшаванда

30

барои мусофирони ба ҳудуди Тоҷикистон парвозкунанда

25

барои мусофирони аз ҳудуди Тоҷикистон омада

12

Барои кӯдакони аз 5 то 12 -сола:

мавриди хориҷшавӣ аз марзи Тоҷикистон

30

мавриди воридшавӣ ба марзи Тоҷикистон

15

мавриди парвоз дар ҳудуди Тоҷикистон

12

мавриди омад аз ҳудуди Тоҷикистон

6

4.

Хизматрасонии як мусофир дар толори VIP «Gold»:

- барои мусофирони аз марзи Тоҷикистон хориҷшаванда

150

- барои мусофирони ба марзи Тоҷикистон воридшаванда

120

- барои кӯдакони аз 5 то 12-сола

75

- барои мусофирони дар дохили Тоҷикистон парвозкунанда (оянда ва раванда)

75

- барои кӯдакони аз 5 то 12-сола

38

Нархномаи мазкур аз санаи 06.10. 2011 амал менамояд. Эзоҳ: нархи хизматрасониҳои фурудгоҳӣ барои рейсҳои чартерии ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз андозаҳои амалкунанда 40% зиёд мебошад.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj