Авиатсияи Тоҷик 100 сола шуд!

Имрӯз бахшида ба Рӯзи авиатсияи тоҷик, ки ҳамасола 3 сентябр таҷлил мегардад, дар шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони сохторҳои авиатсионии мамлакат, собиқадорони соҳа ва меҳмонон-роҳбарият ва намояндагони ширкатҳои авиатсионии давлатҳои хориҷӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода кормандони соҳаи авиатсияи тоҷикро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иди касбӣ табрик намуда, афзуд, ки «авиатсияи тоҷик, ки таърихи якасра дорад, маҳз дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёфта, ба сохтори муҳим ва афзалиятнок табдил ёфт. Имрӯз соҳаи авиатсияи гражданӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ҷойгоҳи хосса дошта, дар татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -баромадан аз бунбасти коммуникатсонӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон нақши бориз мегузорад».

Ҳамзамон муовини Сарвазири Тоҷикистон таъкид намуд, ки рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиастон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, маҳз бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат инфрасохтори соҳаи авиатсионии мамлакат ташаккул ёфт. Сохтмони терминали нави замонавӣ барои мусофирон ва боркашонӣ, Манораи нави назоратӣ-танзимнамоӣ ва толори қабули меҳмонони расмӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе далели ин гуфтаҳо мебошад.


Бо назардошти аҳамияти соҳаи авиатсияи граждании мамлакат дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо дастгирии Пешвои миллат соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ ва танзимкунандаи фаъолияти корхонаҳои авиатсионӣ таъсис дода шуд. Инчунин Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» қабул гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳамзамон директори Агентии авитсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои авиатсионии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Эрон, Маҷористон, инчунин ташкилоти авиатсионӣ- Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ, Академияи байналмилалии нақлиёт ва собиқадорони соҳа сухан намуда, кормандони соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иди касбиашон табрик намуданд.


Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндаи масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба бархе кормандони соҳаи авиатсияи граждании мамлакат медали «Хизмати шоиста» тақдим гардид.

Дар анҷоми ҷамъомади идона ба роҳбарони сохторҳои авиатсионии мамлакат, фаъолону пешқадамон, собиқадорон ва мутахассисони варзидаи соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ «Ифтихорнома», «Сипоснома», «Медали фахрӣ», медали ба номи Жуковский ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.



Марзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj