3 сентябр-Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони соҳаи авиатсияи граждании кишвар ҳамасола рӯзи 3 сентябр Рӯзи таъсисёбии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.

Бояд эътироф кард, ки авиатсия яке аз бахшҳои муҳимтарини хоҷагии халқи кишварамон ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши авиатсияи миллиро пайваста таъкид намуда, ҷиҳати рушду такмили ҳамаҷонибаи он назди кормандони соҳа вазифагузорӣ менамояд.

Таҳти ҳидоят ва роҳнамоии хирадмандонаи Сарвари давлат ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» имрӯз ба як қатор дастовардҳои арзанда ноил гардид, ки дар рушду такомули иқтисодии ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд.

Дар қатори онҳо бунёди терминали нави мусофиркашониро зикр кардан мумкин аст, ки барои рушди инфрасохтори фурудгоҳ таъсири мусбат мерасонад.

Дастоварди дигари фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони терминали боркашонии замонавӣ мебошад, ки рўзи 25 июни соли ҷорӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ба истифода супорида шуд.

Сохтмони терминали боркашонӣ, таҷдиди инфраструктураи фурудгоҳи Душанбе ва амалисозии дигар вазифаҳои стратегии ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» ба рушди тамоми иқтисодиёти кишвар таъсири калон мерасонад. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки ҷолибияти сармоягузории иқтисодиёти ҷумҳурӣ бештар шуда, лоиҳаҳои азими минтақавии автомобилӣ ва роҳи оҳан дастгирӣ карда шаванд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд, рушди инфрасохтори нақлиёт, бизнеси хурду миёна таъмин гардида, ҳиссаи ширкатҳои маҳаллии ҳавопаймоӣ дар бозори ҷаҳонӣ зиёд карда шавад.

Роҳбарияти фурудгоҳ бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои рўизаминии ҳавопаймоҳо ба мустаҳкам кардани заминаи моддӣ – техникии муассиса диққати доимӣ медиҳад. Дар давраи охир беш аз 95 фоизи парки автомобилии фурудгоҳ нав карда шуд.

Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 27 солагии Рӯзи Истиқлолият гирду атрофи фурудгоҳ обод карда шуда, симои хозиразамон касб намуд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар ободонии пойтахти кишварамон низ саҳми арзанда мегузорад. Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе майдончаҳои варзишӣ сохта, ба истифода супорида шуданд.

Ҳамчунин, бо супориши Раиси шаҳри Душанбе намои 15 бинои баландошёна дар кўчаи Аҳмади Дониш пурра таъмир карда шуд.

Алҳол дар фурудгоҳ сохтмони толори нави пешвозу гусели намояндагони расмӣ (толори ВИП) идома дошта, он дар рузҳои наздик ба истифода супорида мешавад.

Дар нақшаҳои наздиктарини роҳбарияти фурудгоҳ сохтмони хатти дуюми сунъии парвозу нишаст, рушди инфрасохторҳои назди фурудгоҳ (сохтмони меҳмонхонаи фурудгоҳ ва мамааи таваққуфгоҳи автомобилии 3-ошёнаи пўшида), таҷдиди заминаи моддию техникии корхона, ки харидории таҷҳизоту механизмҳо ва асбобу анҷоми хадамоту шуъбаҳои фурудгоҳро пешбинӣ менамояд, таъмиру таҷдиди таҷҳизоти радиотехникӣ ва ғайра дар назар аст.

Амалигардии ҳама ин наќқаҳо, албатта, аз меҳнати софдилонаи ҳар яки мо вобаста аст.

Дар ин рўзи фархунда мехостам нақши собиқадорони авиатсияи миллӣ, онҳоеро, ки дар ташаккул ва таҳкими соҳа саҳмгузорӣ намудаанд, бахусус таъкид кунам. Зеро маҳз натиҷаи кушишу талошҳои онҳост, ки мо, насли имрўза, ба чунин комёбиҳо ноил гардидаем.

Ба ҳамаи шумо, дўстони азиз ва кулли кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ масъулиятшиносиву касбияти баланд, тансиҳатӣ, хонаободӣ, сарбаландию саодатмандиро таманно мекунам! Идатон муборак бошад, ҳамкасбони гиромӣ!

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj