Авиаторон Рӯзи ғалабаро ҷашн гирифтанд

Кормандони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизмро бо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар якҷоягӣ таҷлил намуданд.

Чун анъана ҷамъомади тантанавӣ дар пояи «Муҷассамаи ёдгории ҳавонавардони дар ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокшуда» баргузор гардид. Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳи Душанбе иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро табрик гуфта, саҳми авиаторонро дар ғалаба бар фашизм қайд намуданд.

Иштирокчиёни ҶБВ аз ҷониби роҳбарият ва Кумитаҳои иттифоқҳои касабаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» қадршиносӣ шуданд.
70

Дар ҷамъомади тантанавӣ дар қатори иштирокчиёни ҶБВ ҳамчунин иштирокчиёни ҷанги Афғистон ва фалокати Чернобил низ иштирок ва қадрдонӣ шуданд.

Котиби матбуотии ҶСК «ФБД» М. Шодиев

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj