Имрўз дар толори маҷлисгоҳи ҶСК «Тоҷикэйр» ҷаласаи муштараки кормандони «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ҶСК «Тоҷикэйр» бахшида ба масъалаи тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, баргузор гардид. Кишварзода Абдурашид Гулматшо, прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Илёсзода Хайриддин, муовини сардори Раёсати кадрҳои Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба аҳли нишаст моҳияту муҳтавои пешниҳодоти мазкурро шарҳ дода, зарурати тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани онҳоро таъкид карданд.
- Чорабинии мазкур - гуфт зимни баромадаш Хайриддини Илёсзода, аҳамияти муҳими сиёсиро доро буда, дар тақдири минбаъдаи кишвар нақши ҳалкунанда мебозад. Аз ин рў, ниҳоят муҳим аст, ки кулли мардуми ҷумҳурӣ рўзи муқарраршуда, яъне 22 май, фаъолона дар раъйпурсӣ ширкат варзида, раъйю нияти худро тариқи демократӣ баён кунанд.
Котиби матбуоти ФБД Сабуров Ғ