​Паёми Пешвои миллат - сармашқи кор!

Имрӯз дар толори дафтари ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «ТоҷикЭйр» бо ташаббуси прокуротураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки кормандони ҶСК «ТоҷикЭйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» доир ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 22 декабри соли 2016 баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарияти прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», КВД ҶСК «Тоҷикаэронавигатсия» ва намояндагони Раёсати кадрҳои прокуротураи генералии Тоҷикистон иштирок варзиданд.

«Ҳамаи мо шоҳиди заҳмату талошҳои беандозаву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри якпорчагии кишвар, сулҳу салоҳ ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум ва таъмини рушду нумўи соҳаву сохторҳои давлатии мамлакат ҳастем. Дар Паёми Президенти мамлакат қайд карда шудааст, ки дар зарфи 25 сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Навтарин дастоварди халқи тоҷик оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун мебошад. Имсол аз ҷониби созмону ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ бори дигар хулосаи мусбати ташхисӣ оид ба лоиҳаи НБО – и Роғун пешниҳод гашт. Баъд аз се сол Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад расид. Ин маънои амалӣ гаштанӣ як ҳадафи стратегии миллӣ мебошад ва муждаи умедворкунанда барои тамоми халқи Тоҷикистон дар ин Паём буд», - қайд намуд дар баромади худ Прокурори нақлиёти ҶТ Абдураҳим Кишварзода.

Инчунин дар рафти ҷаласа дар бораи ҷанбаҳои муҳим, азҷумла истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилии Тољикистон арзёбӣ гардида, ҳалли масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти нерӯи инсонӣ гуфта шуда буд.

Бахши сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар Паём мавқеи хос дошт. Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои боз ҳама падидаҳои некро дар дипломатияи байналхалқи қабул медорад. Ин сиёсати пешгирифтаро Пешвои миллат дар Паём «дастоварди бузурги давлати миллии мо» номид. Ин ҳама далели он аст, ки Тоҷикистон имрўз дар арсаи байналмилалӣ мақом ва ҷойгоҳи устувори худро соҳиб аст.

Кормандони ҶСК “Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе” бобати иҷрои қонуну қарорҳо ва Паёми навини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истифодаи ҳамаи шароиту имкониятҳо садоқатмандона фаъолият намуда, баҳри амалӣ намудани нақшаҳои рушди иқтисодиёт ва пешрафти кишварамон саҳми муносиб мегузоранд.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj