​Иқдоми идонаи ФБД дар арафаи Наврўзи хуҷастапай

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар арафаи ҷашни Наврўзи хуҷастапай иқдоми некро пайгирӣ намуда, барои дилхушии кўдакон-тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ базми наврўзӣ орост.

Дар рафти ин маъракаи идона кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 270 нафар тарбиягирандагони мактаб-интернат сарулибоси нав, лавозимоти мактабӣ, пойафзол ва маводи хўрока ба маблғи умумии 76 ҳазор сомонӣ тақдим намуданд. Дар баробари ин, барои кўдакон дастархони идона густурда, барномаи рангини фарҳангӣ ва консертӣ низ таҳия карда шуд, ки боиси шодиву хурсандии бепоёни тарбиягирандагон гардид.

Роҳбарияти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз чунин иқдоми хайриявии ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе» хушнуд гашта, барои таваҷҷўҳ ва дастгирии кўдакон арзи сипос намуд.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj