Ҳайати ФБД бо фаъолияти Фурудгоҳи шаҳри Тошканд шинос шуд!

хабар аз санаи 19-01-2017: 10 феврали соли 2017 аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нахустин парвоз аз рўи хатсайри ҳавоии Душанбе – Тошканд амалӣ ёфт. Ин парвоз, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба роҳ монда шуд, аввалин парвоз дар таърихи 25 солаи ҳарду кишвар ба ҳисоб меравад.

Бахшида ба ин рўйдоди муҳими таърихӣ, кормандони тамоми хадамотҳои рўизаминии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар майдони ҳавоӣ ҷамъ омада бо баргузории чорабинии тантанавӣ мусофирони рейси №226-ро ба самти Душанбе – Тошканд шодбош намуданд. Дар қатори мусофирони аввалин ҳайати кории ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», гурўҳи кории масъулини ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо роҳбарии директори генералӣ Исматулло Абдуллозода ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат озими шаҳри Тошканд шуданд.

Дар рафти сафар, ба ҳайати Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муяссар шуд бо фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов аз наздик ошно шуда аз маҷмааи аэровокзалии ин ҷумҳурӣ дидан намояд. Бояд қайд намуд, ки Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов яке аз калонтарин фурудгоҳҳои минтақаи Осиёи Марказӣ буда тамоми хадамотҳоро, аз ҷумла фурудгоҳӣ, таъминоти сўзишворӣ, кайтеринг, терминали 1 ва 2, терминали боркашонӣ ва даҳҳо сохторҳои дигари рўизаминӣ ва фурудгоҳиро дар бар мегирад.

Яке аз хусусиятҳои хоси ин фурудгоҳ дар имконоти техникии он аст, ки аз ду хати парвоз – ҷанубӣ ва шимолиро иборат буда он ба талаботи категорияи дуюми ICAO ҷавобгў мебошад. Ин имкон медиҳад фурудгоҳ намудҳои гуногуни ҳавопаймоҳоро қабул намояд. Перрони Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов аз 100 га иборат буда дар он барои 110 ҳавопаймои хурду бузург истгоҳ омода карда шудааст. Дар 1 соли охир хатҳои парвоз таҷдид гашта, таҷҳизоти рўшноидиҳандаи маҷмааи аэровокзалӣ бо техникаи махсуси муосир таҷҳизонида шудааст.

Фурудгоҳи Тошканд аз ду терминали мусофирӣ иборат буда байни ин ду терминал 7 км. фосилаи роҳ аст. Байни терминалҳо автобусу таксиҳо рафтуомад намуда мусофиронро аз терминали парвозҳои байналмилалӣ ба терминали парвозҳои дохилӣ мебаранд. Минбаъд, мусофирони хатсайри Душанбе – Тошканд –Душанбе низ тавассути терминали №2 парвоз хоҳанд кард.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов, барои ҳайати ФБД ва намояндагони ВАО-и тоҷик аз ҷониби масъулини ширкати «Ўзбекистон ҳаво йуллари» дар шаҳри Тошканд экскурсия ташкил карда шуд.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj