​Диққат! Озмун барои қабули мураббияи кудакистони ФБД

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои қабул ба вазифаи мураббияи кудакистон озмун эълон менамояд.

Талабот нисбати довталабон:

- синну сол то 40-сола;

- маълумоти олии тахассусӣ ва ё миёнаи махсус касбӣ дар бахши Муассисаҳои томактабӣ;

- собиқаи кор дар соња на кам аз 5 сол;

-доштани сертификатҳо, шаҳодатномаи такмили ихтисос, дараҷаи тахассусии на кам аз дуюм;

-донистани усулу методикаи корӣ тарбиявӣ, ташкили вақти холии тарбиягирандагон.

Моҳонаи хуби доимӣ, мукофотпулии мунтазам кафолат дода мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд ба нишонии шаҳри Душанбе, кўчаи М.Мастонгулов, 32/2, тел: 226-83-41 муроҷиат кунанд.

Маркази матбуоти ҶСКФурудгоҳи байналмилалии Душанбе

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj