​Форуми ҷавонон: авиатсия ва дурнамо

7 сентябри соли ҷорӣ дар пойтахт ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони "Нақши ҷавонон дар 30 соли истиқлолият: дастовардҳо ва дурнамо" баргузор гардид. Чорабинӣ бо ибтикори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар кори он роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин роҳбарону кормандони тамоми сохторҳои авиатсионии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Чорабинӣ аз боздиди ҷавонону наврасон, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" оғоз ёфт. Иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчунин бо дастовардҳои соҳаи авиатсия дар замони соҳибистиқлолӣ, ки дар бинои ҶСК “Тоҷик Эйр” ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос гардиданд.

Сипас дар ҷараёни қисмати расмии ҳамоиш Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ Икром Субҳонзода ва Муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ ҳузури иштирокдорон суханронӣ намуда, ба мутахассисони ҷавон барои саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ифтихорномаву сипосномаҳо супориданд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj