ФБД: натиҷаҳои 3-моҳаи аввали соли 2019 қаноатбахшанд!

Дар ҷаласаи васеъ бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагии фурудгоҳи Душанбе дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, ки рӯзи 9-уми апрелбарпо гардид, Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ Субҳонзода И.С.натиҷаҳоиистеҳсолии фурудгоҳро дар ин давра қаноатбахш арзёбӣ намуда, ба фаъолияти роҳбарияти корхона баҳои баланд дод.

Тавре ки аз ҳисоботи ҷамъбастӣ бар меояд, Фурудгоҳи Душанбе дар ин давра ба 334,2 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 ҳазор ё 4,83% зиёдтар мебошад.

Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ449,0 тн.-ро ташкил дод. Аз миқдори умумии борҳои содиршуда 3,4 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани баѓоҷҳо аз xониби мусофирон 218 эрод ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 72 эрод 24,83% камтар мебошад, аз онҳо 210 эрод қонеъ гардонида шуд ва 8 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар давраи ҳисоботӣ 70 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 172 парвоз ё 245,7%камтар мебошад.

Метавон гуфт, ки дар семоҳаи аввали соли 2019 ҳама чораву тадбирҳои андешидаи роҳбарият бобати кор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019, омодасозии ҳайати шахсӣ ва техника ба кор дар давраи баҳору тобистони соли 2019 пурра амалӣ гардиданд.

Айни ҳол аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 13 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба ҷумҳуриҳои Қирѓизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб парвозҳо ба амал оварда мешаванд.

Барои ободонии гирду атрофи фурудгоҳ дар доираи омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз дар гирду атрофи фурудгоҳ 371 бех дарахтони ҳархела, 12,1 ҳазор адад гулҳои садбарг, 6,1 ҳазор адад гули лола (тюлпан) ва 69,4 ҳазор адад гулҳои гуногуни дигар шинонда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бобати мусоидат банекуаҳволии шаҳр дар кӯчаи Н.Ганҷавӣ ва маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохтмони ду майдончаҳои варзишӣ оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт алҳол идома доранд.

Дар ин давра ҳамчунин таъмири намои 4 бинои истиқоматии чорошёна дар кӯчаи Аҳмади Дониш пурра ба анҷом расонида шуд.

Бо мақсади мусоидат ба татбиқи барномаи давлатӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳи дар ҷумҳурӣ, ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ва ба онҳо дастрас намудани иттилоот оид ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва иншооти фароғатию хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, меҳмонону сайёҳоникишвар дар даромадгоҳи Терминали фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Гӯшаи муосири иттилоотӣ оид ба хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шуд. Гӯшаи мазкур бо таҷҳизотҳои муосир таъмин гардида, айни ҳол босамар фаъолият дорад.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj