​Ҷамъбасти фаъолияти ФБД дар нимсолаи 1-уми соли 2018

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2018 ба 611,5 ҳазор нафар мусофир хизмат расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 0,6 % зиёдтар мебошад. Дар ин бора рӯзи 11 июли соли 2018 зимни ҷаласаи ҷамъбастии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” итиллоъ дода шуд.

Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда1677,0 тн.-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 360,0 тн. ё 27,3 % зиёдтар мебошад. Аз миқдори умумии борҳои содиршуда 192,6 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 495 ҳодисаи ба таъхир гузошташавии парвозҳо ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 220 ҳодиса ё 30,7% камтар аст.

Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд:

дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 403 ҳодиса.

дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намояндаи ширкат, тағйирёбии вақти парвозҳо ва ғайра) – 35 ҳодиса.

номусоидии обу ҳаво – 20 ҳодиса ва ғайра.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (“Туркиш Эйрлайнс”, “ Кам Эйр”, Хитой, “Флай Дубай”, “Осмон Эйр”), 6 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Сибир, Ют Эйр, Урал - Россия, Авиатрафик - Қирғизистон, Эйр Астана – Қазокистон, Узбекистон хаво Йуллари) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон- «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал оварда мешаванд. Миқдори умумии рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рўз 14 ададро ташкил медиҳад.

Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба Ҷумҳурҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд.

Роҳбарияти фурудгоҳ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва такмили донишу малакаҳои онҳо диққати ҷиддӣ медиҳад. Айни замон 5 нафар кормандони фурудгоҳ дар Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании ш.Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳсил мекунанд.

Метавон гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2018 ҳама чораву тадбирҳои андешидаи роҳбарияти корхона бобати кори банизом дар давраи баҳору тобистони соли 2018, омодасозии ҳайати шахсӣ ва техника ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019 пурра амалӣ гардиданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтан ва гусел кардани ҳайатҳои расмӣ ва дипломатӣ, мансабдорони олимақоми ватаниву хориҷӣ, кормандони сафоратхонаҳо, меҳмонони олиқадр ва дигар иштирокчиёни чорабиниҳои муҳими байналхалқӣ, ки дар ш.Душанбе дар давраи ҳисоботӣ баргузор гардиданд, чораҳои зарурӣ андешида ва амалӣ карда шуданд.

Дар доираи омодагӣ ба ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ дар майдони назди толори Президентӣ, майдончаҳои варзишӣ, толорҳои тиҷоратӣ (СИП), роҳи протоколӣ, терминалҳои №1 ва №2, гирду атрофи фурудгоҳ 850 бех ниҳолу дарахтони ҳархела, 33 475 адад гулҳои садбарг, 30 000 дона гулҳои мавсимӣ ва 90 530 адад гулҳои гуногун шинонда шуданд.

Бинои Президентӣ ва фаввораи назди он, толори СИП-и Терминали №2, майдони назди аэровокзал, деворҳои канори роҳҳои протоколӣ ва гирду атрофи фурудгоҳ таъмиру тармим гардиданд. Бинои аэровокзали Терминали №2 бо таҷҳизоти нави ҳозиразамон муҷаҳҳазонида шуд. Хатти сунъии парвозу нишаст, роҳравҳои зимомии фурудгоҳ, перрон ва роҳҳои мошингарди аэродром таъмир гардида, тарқишҳои фарши онҳо дар масоҳати 28,290 метри мураббаъ бо моеъи махсус (мастика РБВ-25) пур карда шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки фурудгоҳ дар ободонии пойтахт низ фаъолона саҳмгузори менамояд. Чунончи, бо қувваи кормандони фурудгоҳ дар арафаи Иди Наврўз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ як майдончаи варзишии ҳозиразамон сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол сохтмони боз як майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома дорад. Майдончаи мазкур дар рўзҳои наздик пурра сохта, ба истифода супорида мешавад.

Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе таъмири намои 15 бинои баландошёна дар кўчаи Аҳмади Дониш пурра ба анҷом расонида шуд.

Ҳамчунин дар фурудгоҳ сохтмони толори нави пешвозу гусели намояндагони расмӣ (толори ВИП) оғоз гардида, корҳо дар ин самт дар ду баст идома доранд. Айни замон 3 ошёнаи толори мазкур пурра сохта шуда, корҳои бомпушӣ, андоваи деворҳо, таъмиру тармими дохилии ҳуҷраҳои толор ва насби системаҳои ҳавотозакунӣ, зиддисўхтор, видеоӣ, таъминкунии об ва барқ, васли интернет ва алоқаи телефонӣ идома доранд.

Қайд кардан зарур аст, ки рўзи 25 июни соли 2018 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварони вазоратҳои дахлдор, роҳбарони Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ «JICA»,Консорсиуми ширкатҳои японии «Ниппон Кое» - Консултант, ДАИ Ниппон Констракшин, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе ботантана ба истифода супорида шуд.

Иншооти мазкур тўли як соли минбаъда таҳти назорати кафолатии пудратчии асосии лоиҳа – ширкати ДАИ Ниппон Констракшин қарор мегирад.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар давраи ҳисоботӣ ба як қатор ташкилоту муассисаҳои маъюбон, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва мақомотҳои қудратӣ ба маблағи 126,3 ҳазор сомонӣ кўмаки молиявӣ расонид.

Роҳбарияти фурудгоҳ пайваста кўшиш мекунад, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои рўизаминӣ дар муассисаи авиатсионӣ беҳтар гардида, ҷамъият дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок намояд.



Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj