Натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2024


Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар шаш моҳи соли равон ба зиёда аз 1,1 милллион мусофир хизмат расонидааст!

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати ҳавопаймоии давлатҳои хориҷи дур –«Флай Дубай»-и Аморати Муттаҳидаи Араб, «Туркиш Эйрлайнз»-и Туркия, «Вориш Эйрлайнз»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Ҷазира Эйрвейз»-и Давлати Қувайт ва «Бута Эйрвейз»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон), 7 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил- «Ют Эйр», «Уральские авиалинии», «Северный ветер», «Сибирь-S7», «Ямал»-и Федератсияи Русия, «Эйр Астана»-и Қазоқистон, «Узбекистон ҳаво йуллари»-и ва 1 ширкати ватанӣ- «Сомон Эйр» ба амал оварда мешавад. Дар ин хусус директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ниҳодҳои авиатсионии Тоҷикистон хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар шаш моҳи соли равон ба зиёда аз 1,1 милллион мусофир хизмат расонидааст, ки аз ин шумора 537 ҳазору 434 нафар мусофирони ба Тоҷикистон омада ва 603 ҳазору 510 нафарро мусофирони берун аз ҷумҳурӣ рафта ташкил медиҳад.

Таъкид шуд, ки миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда, дар ин давра 1325 тоннаро ташкил дод, ки аз ин шумора 185,8 тона бори содиротӣ ва 1139,2 тонна борро воридотӣ ташкил медиҳад.

Инчунин дар соли равон шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонидашуда дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 4070 ададро ташкил дод, ки аз ин шумораи хатсайрҳои хизматрасонидашуда 3839 адад хатсайрҳои мунтазам ва 231 адад хатсайрҳои чартерӣ мебошад.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj