Аз Варшава ба Душанбе ...

Аз Варшава ба Душанбе 186 шаҳрванди Тоҷикистон оварда шуд

ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Лаҳистон 186 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз қаламрави Украина ба ин кишвар рафта буданд, тавассути ширкати лаҳистонии «Enter Air» аз Варшава ба Душанбе оварда шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Берлин, тибқи мувофиқаи қаблӣ бо ҷониби лаҳистонӣ, 10 марти соли 2022, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймои ширкати “Enter Air” ҳомили 186 мусофири тоҷикистонӣ аз Варшава ба самти Душанбе парвоз кард.

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият набуданд, аз ҷониби кормандони Сафорат дар фурудгоҳ шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан дода шуд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Варшава аз тарафи дипломатҳои тоҷикистонӣ роҳнамоӣ шуданд.

Парвози навбатӣ ҷиҳати бозпас гардонидани дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Варшава ба Душанбе рўзи 11 марти соли ҷорӣ дар назар аст.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj