Раиси нави иттифоқи касабаи ФБД интихоб шуд

Имрӯз дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» конференсия доир ба интихоби раиси Кумитаи иттифоқи касабаи муассиса баргузор гардид. Дар натиҷаи овоздиҳӣ Касиров Саидҷон ба вазифаи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ФБД якдилона интихоб шуд.

Ғайр аз ин, дар рафти конференсия масъалаи интихоби номзадҳо ба аъзогии Пленуми Кумитаи иттифоқи касаба, аъзои Раёсати Кумитаи иттифоқи касаба ва комиссияи тафтишотии Кумитаи иттифоқи касабаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» баррасӣ карда шуд.

Дар идомаи маҷлис кормандони масъули КИК фурудгоҳи Душанбе оид ба фаъолияти худ дар давраи гузаштаи интихобӣ ҳисобот доданд.

Котиби матбуоти ФБД Сабуров Ғ.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj