Парвозҳои мунтазам афзоиш меёбанд

Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2021 шумораи хатсайрҳои доимии ҳавоӣ байни Россия ва Тоҷикистон меафзояд. Ин амал бар асоси тасмими Ситоди фаврӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар қаламрави Россия амалӣ хоҳад ёфт.

Ба ин тариқ, аз 5 октябр шумораи парвозҳо ба Тоҷикистон бо хатсайри Маскав - Хуҷанд ва Маскав - Кӯлоб то ду парвоз дар як ҳафта зиёд карда мешавад. Ғайр аз ин, теъдоди хатсайрҳо аз фурудгоҳҳои Россия ба шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб то ду парвоз дар як ҳафта ба ҳар кадоме аз хатсайрҳо низ зиёд мешавад.

Лозим ба таъкид аст, ки парвозҳои доимӣ аз Тоҷикистон ба Россия аз 27 августи соли 2021 барқарор шуданд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj