Таваққуфгоҳи тиҷоратии шабонарӯзӣ

Бо мақсади баланд бардоштани сифат ва сатҳи хизматрасонӣ, таъмини амнияти бору бағоҷи мусофирон, танзими вуруду баромадани мошинҳо дар майдони назди фурудгоҳи Душанбе таваққуфгоҳи пулакии шабонарӯзии мошинҳо ташкил карда шуд.

Бозори иқтисодӣ муносибатҳои нав ваҷустуҷӯи даромадҳои нави иловагиро барои корхона тақозо менамояд. Барои ташкили таваққуфгоҳи мошинҳо ва истифодаи низоми автоматии баҳисобгирии вуруду баромадани воситаҳои нақлиёт таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии халқии Чин харидорӣ шуданд. Таҷҳизоти нав худ вуруду баромадани воситаҳои нақлиётро ба ҳисоб гирифта, маблағи аз ин намуди хизматрасонӣ гирифташавандаро муайян менамояд.

Тарифҳои зерин муқаррар шудаанд:

* панҷ дақиқаи аввали истодани мошин дар таваққуфгоҳ ройгон аст;

* ҳар як соати минбаъда (пурра ва нопурра) бо дар назардошти 5 дақиқа -3 сомонӣ;

* ҳар як соати минбаъда (пурра ва нопурра) -3 сомонӣ;

* дар ҳолатҳои гум кардан, шикастан ё осеббинии дигари корт ронанда вазифадор аст, ки ба андозаи 5 (панҷ) доллари ИМА ҷарима супорад.

Пардохти маблағи ҷарима бо асъори миллӣ (сомонӣ) аз рӯи курси муқарраркадаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт сурат мегирад.

Ташкили чунин намуди хизматрасонӣ ба мусофирон ва гуселкунандагон имконият медиҳад, ки бо мошини худ ба майдони назди аэровокзал ворид гардида, онро дар ҷои барои он мувофиқ гузоранд ва эътимод дошта бошанд, ки мошинашон зери посбонӣ ва дар ҷои бехавф меистад.

Бо таъсиси таваққуфгоҳи тиҷоратӣ 9 ҷои нави корӣ пайдо шуд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj