Ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи фурудгоҳ ва «Тоҷик Эйр»

Имрӯз (07.07.2015) ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2015 вобаста ба фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ҶСК «Тоҷик Эйр» бо иштироки роҳбарият ва кормандони корхонаҳо баргузор гардид.

Сараввал бахшҳои иқтисодии корхонаҳо марвиди таҳлил қарор гирифт ва баъдан масъалаҳои вобаста ба маркетинг ва масоили иҷтимоии корхонаҳо баррасӣ шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки новобаста аз бӯҳрони иқтисодии кишварҳои пасошӯравӣ ва кам шудани адади мусофирон ҳарду корхона роҳҳои баромадан аз бӯҳрони иқтисодӣ ва фаъол нигоҳ доштани парки ҳавопаймоӣ, маҷмӯи хизмарасониҳо ба мусофирон ва ҳавопаймоҳоро кор карда баромада дар шаш моҳи сипаришуда нишондиҳандаҳои иқтисодии заруриро ноил гардиданд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати ҳавопайми «Тоҷик Эйр» 826 парвози рафтуомад анҷом дода, 154 ҳазору 500 мусофирро интиқол дода шудааст. Ҳаҷми интиқоли бор бошад, 428,4 тоннаро ташкил кард. Дар шаш моҳи соли равон мутахассисони маҷмааи ҳавопаймоӣ-техникӣ савияи тахассуси худро баланд бардошта, 5 нафар муҳандис соҳиби дараҷаи якум 1нафар муҳандис соҳиби дараҷаи дуюм, 5 нафар техники ҳавопаймо соҳиби дараҷаҳои гуногун гардиданд. 29 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи техникии ба номи М. Осимӣ таҷриба меомӯзанд. Бозомӯзии касбии ҳавонавардон ва тайёр кардани ҳайати парвозӣ доир гардида, барои ҳавопаймои Боинг-737-200- 2 нафар ҳавонаварди дараҷаи дуюм, барои Боинг-737-300- 2 нафар сарҳавонавард ва 3 нафар борт механик омода карда шуданд.

Дар фурудгоҳи Душанбе дар давраи ҳисоботӣ ба 528 ҳазор мусофир хизмат расонида шудааст. Миқдори бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда 1434 тоннаю 704 кг ро ташкил кард. Вобаста ба масъалаҳои хизматрасониҳои рӯизаминӣ ба ҳавопаймоҳо, таъмини амнияти авиатсионӣ, бехатарии парвозҳо, сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, дидани арзу шикоятҳо, ҳалли масъалаҳои ҷорӣ ва беҳтар кардани шароити меҳнат ва зисти кормандони корхонаҳо гуфтугӯй сурат гирифт.

Дар интиҳои ҷаласа иброз дошта шуд, ки корхонаҳо суръати фаъолияти худро суст накарда дар самти беҳтар гардонидани ваъи молиявӣ ва навсозии парки ҳавопаймоҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон чораҳои мушаххас бинанд.

Котиби матбуотии «ФБД» М. Шодиев

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj