ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар нимсолаи 1-уми соли 2017 ба 600,8 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 76,4 ҳазор нафар мусофир ё 14,6% зиёдтар мебошад, аз он ҷумла: ба 348,0 ҳазор нафар мусофири рафта, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016 48,6 ҳазор нафар мусофир ё 16,2% зиёдтар мебошад; ба 252,7 ҳазор нафар мусофири омада, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016 27,7 ҳазор нафар мусофир ё 12,3% зиёдтар мебошад;
Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе дар давраи ҳисоботӣ 1307,0 тн.-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016 148,0 тн. ё 12,8 % зиёдтар мебошад.
Миқдори рейсҳои хизматрасонидашуда:
Рейсҳои доимӣ – 2501 адад, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016 170 рейс ё 6,3 % камтар мебошад.
Рейсҳои чартерии ғайринақдӣ – 153 адад, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016 3 рейс ё 1,9% камтар мебошад.
Рейсҳои чартерии нақд – 14 адад, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016 1 рейс ё 7,6% зиёдтар мебошад.
Сабаби асосии кам шудани миқдори рейсҳои доимӣ қатъ шудани 4 рейси ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» ва 3 рейси ҶСК «Сомон Эйр» дар моҳи апрел-майи соли ҷорӣ мебошад. Сабаби дигари кам шудани миқдори рейсҳо дар ин давра бештар истифода шудани ҳавопаймоҳои калонҳаҷм мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 428 эрод ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 46 эрод ё 9,7 % зиёдтар мебошад, аз онҳо 421 эрод қонеъ гардонида шуданд ва 7 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.
Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар давраи ҳисоботӣ 715 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 291 парвоз ё 68,6% зиёдтар мебошад.
Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 462 ҳодиса, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 160 ҳодиса, номусоидии обу ҳаво – 54 ҳодиса, ҷорӣ будани реҷа – 15 ҳодиса ва ғайра.
Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ба мусофирону ҳавопаймоҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон мутахассисони фурудгоҳи Душанбе барои таҳсил ва такмили ихтисос ба муассисаҳои авиатсионии кишварҳои пешрафта фиристода шуданд. Аз ҷумла, 8 нафар кормандони фурудгоҳ айни замон дар Донишгоҳи миллии авиатсионии Украина ва 7 нафар дар Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании ш.Санкт-Петербург, Федератсияи Россия таҳсил доранд.
Барои ободонии гирду атрофи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар доираи омодагӣ ба таҷлили рўзи Истиқлолияти Чумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди толори Президентӣ, толорҳои тиҷоратӣ (СИП), роҳи протоколӣ, Терминали №1 ва №2, атрофи фурудгоҳ 1200 бех ниҳолу дарахтони ҳархела, 62150 адад гулу буттаҳои гуногуни ороишӣ шинонда шуда, 5000 метри мураббаъ заминҳои даруну беруни фурудгоҳ сабзазор карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ бинои Президентӣ ва фаввораи назди он, толори СИП-и Терминали №2, майдони назди аэровокзал, деворҳои роҳҳои протоколӣ ва иҳотавии фурудгоҳ таъмиру тармим гардида, таваққуфгоҳҳои нақлиётии назди фурудгоҳ дар ҳаҷми 400 метри мураббаъ асфалтпўш гардида, бинои аэровокзали Терминали №2 бо таҷҳизоти нави ҳозиразамон муҷаҳҳазонида шуданд, дар майдони назди аэровокзал дар ҳаҷми 2400 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ хобонда шуданд, таваққуфгоҳҳои нави нақлиётӣ аломатгузорӣ шуда, бо таҷҳизоти муосири рўшноидиҳанда муҷаҳҳазонида шуданд.
Бояд гуфт, ки дар ин давра бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли ҷорӣ 2 адад майдончаҳои варзишӣ пурра сохта, ба истифода супорида шуданд. Сохтмони як майдончаи варзишии дигар алҳол идома дорад. Ҳамчунин сохтмони толори пешвозу гусели намояндагони расмӣ (ВИП) оғоз гардида, корҳо дар ин самт дар ду баст идома доранд.
Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”