ФБД: натиҷаҳои семоҳаи 1-уми соли 2018

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» натиҷаҳои фаъолияти худро дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҷамъбаст намуд. Тавре ки аз маълумотҳои ҳисоботӣ бармеояд, фурудгоҳи Душанбе дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 310,3 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 ҳазор ё 2,9% зиёдтар мебошад. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқол додашуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 460,0 тн.-ро ташкил дод. Аз миқдори умумии борҳои содиршуда 11,7 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.

Миқдори рейсҳои хизматрасонидашуда: рейсҳои доимӣ – 1435адад, ки назар ба ҳамин давраи соли 2017- 192 рейс ё 15,5 %зиёдтар мебошад.Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар давраи ҳисоботӣ 242 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 59 парвоз ё 16,9%камтар мебошад.

Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 201 ҳодиса, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 16 ҳодиса, номусоидии обу ҳаво – 12 ҳодиса, ҷорӣ будани реҷа – 4 ҳодиса ва ғайра.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (Туркиш, Кам Эйр, Хитой, Флай Дубай, Осмон Эйр), 6 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Сибир, Ют Эйр, Урал - Россия, Авиатрафик - Қирғизистон, Эйр Астана – Қазоқистон, Узбекистон хаво Йуллари) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал оварда мешаванд.

Бояд изҳор намуд, ки мутобиқи нақшаи тасдиқшудаи чорабиниҳои ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар семоҳаи аввали соли 2018 як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Барои ободонии гирду атрофи фурудгоҳ дар доираи омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврўз дар майдони назди толори Президентӣ, толорҳои тиҷоратӣ (СИП), роҳи протоколӣ, терминалҳои №1 ва №2, атрофи фурудгоҳ 850 бех ниҳолу дарахтони ҳархела, 23 000 адад гулҳои садбарг ва 34 000 адад гулҳои мавсимӣ шинонда шуданд. Дар ин давра бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳо дар аэродроми фурудгоҳ заминҳои перронӣ дар масоҳати 596 ҳазор метри мураббаъ шудгор ва аз алафҳои худрўйи ғалладонагӣ тоза карда шуданд. Дар заминҳои мазкур бо мақсади кабудизоркунӣ юнучка корида шуд.

Бинои Президентӣ ва фаввораи назди он, толори СИП-и Терминали №2, майдони назди аэровокзал, деворҳои канори роҳҳои протоколӣ ва гирду атрофи фурудгоҳ таъмиру тармим гардиданд. Бинои аэровокзали Терминали №2 бо таҷҳизоти нави ҳозиразамон таҷҳизонида шуд. Хатти сунъии парвозу нишаст, роҳравҳои зимомии фурудгоҳ, перрон ва роҳҳои мошингарду техникаҳои махсуси аэродромӣ таъмир гардида, тарқишҳои фарши онҳо дар масоҳати 4250 метри мураббаъ бо моеъи махсус пур карда шуданд. Дар назди толори Президентӣ дар масоҳати 520 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ хобонда шуданд. Таваққуфгоҳҳои нави нақлиётӣ аломатгузорӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири рўшноидиҳанда муҷаҳҳазонида шуданд.

Ҳамчунин дар фурудгоҳ вобаста ба сохтмони толори нави пешвозу гусели намояндагони расмӣ (толори ВИП) корҳои сохтмонӣ дар ду баст идома доранд. Айни замон 3 ошёнаи толори мазкур пурра сохта шуда,корҳои бомпўшӣ, ороиши намои бино, андоваи деворҳо, коркарди дохилии ҳуҷраҳои толор ва насби системаҳои ҳавотозакунӣ, зиддисўхторӣ, таъминкунии об ва барқ, васли интернет ва алоқаи телефонӣ идома доранд.

Роҳбарияти фурудгоҳ пайваста кўшиш мекунад, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои рўизаминӣ дар муассисаи авиатсионӣ беҳтар гардида, ҷамъият дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок намояд.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj