​ФБД: натиҷаҳои 9 моҳи фаъолият қаноатбахшанд!

Фурудгоҳи Душанбе дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ ба 955,2 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,3 ҳазор нафар мусофир ё 12,1% зиёдтар мебошад, аз он ҷумла: миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар давраи ҳисоботӣ 1897,0 тн.-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016222,0 тн. ё 13,3 % зиёдтар мебошад. Аз миқдори умумии борҳои содиршуда 207,6 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳанд.

Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар давраи ҳисоботӣ 960 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 213 парвоз ё 28,5%зиёдтар мебошад.

Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 644 ҳодиса.

дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 182 ҳодиса.

номусоидии обу ҳаво – 55 ҳодиса, ҷорӣ будани реҷа – 18 ҳодиса ва ғайра.

Қайд кардан зарур аст, ки дар давраи ҳисоботӣ хадамоти ҷустуҷўӣ, садамавӣ-наҷотдиҳии таъминоти парвозҳо дар масъалаи беҳсозии вазъи зиддисўхтории объектҳо, сехҳо, қитъаҳои хадамот ва шуъбаҳои ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» корҳои зиёдро ба ҷо овард. Чунончи, техника ва асбобҳои сўхторнишонӣ таъмир гардида, ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 омода карда шуданд. Бо ҳайати шахсии гуруҳҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ оид ба бехатарии зиддисўхторӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуданд.

Маблағи умумии Қарордоди байни фурудгоҳи Душанбе ва ДАИ Ниппон Констракшин оид ба сохтмони терминали боркашонӣ 1 млрд. 120 млн. йен ё 9,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе аз 20 феврали соли 2017 оғоз гардидааст. Айни замон дар асоси қарордоди мазкур корҳои сохтмонӣ тибқи ҷадвали тасдиқшуда идома доранд.

31 майи соли ҷорӣ созишномаи нави грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон «JICA» ба имзо расид. Дар асоси созишномаи мазкур Ҳукумати Ҷопон барои анҷом додани сохтмони қисми дуюми терминали боркашонӣ 356,0 млн. йен ё 3,2 млн. доллари ИМА ҷудо кард.

19 июли соли ҷорӣ миёни ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати ДАИ Ниппон Констракшин барои амалисозии ҷисми дуюми сохтмони терминали боркашонӣ (барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминал) қарордод ба имзо расид. Дар семоҳаи чоруми соли 2017 сохтмони қисми дуюми терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе оғоз мегардад.

Маблағи умумии лоињаи «Бењтар намудани фурудгоњи байналмилалии Душанбе» 17,5 млн. доллари ИМА (1,9 млрд. йени љопонї)-ро ташкил медињад. То имрўз барои татбиќи лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 10,1 млн. доллари ИМА (1,1 млрд. йени ҷопонӣ) ё 58,0 % -и маблағи лоиҳа аз худ карда шудааст.

Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ба мусофирону ҳавопаймоҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон мутахассисони фурудгоҳи Душанбе барои таҳсил ва такмили ихтисос ба муассисаҳои авиатсионии кишварҳои пешрафта фиристода шуданд. Аз ҷумла, 8 нафар кормандони фурудгоҳ айни замон дар Донишгоҳи миллии авиатсионии Украина ва 7 нафар дар Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании ш.Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳсил доранд.

Роҳбарияти фурудгоҳи Душанбе ба беҳтар намудани сатҳи некўаҳволии кормандон ва қадр кардани меҳнати софдилонаи онҳо эътибори пайваста медиҳад. Дар арафаи Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони фурудгоҳ бо мукофотҳои пулӣ ҳавасманд карда шуданд. Инчунин ба як қатор ташкилоту муассисаҳои маъюбон ва хона-интернатҳо барои пиронсолон кумаки молиявӣ расонида шуд.

Барои ободонии гирду атрофи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар доираи омодагӣ ба таҷлили Рўзи Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди толори Президентӣ, толорҳои тиҷоратӣ (СИП), роҳи протоколӣ, терминалҳои №1 ва №2, атрофи фурудгоҳ 1200 бех ниҳолу дарахтони ҳархела, 62 150 адад гулу буттаҳои гуногуни ороишӣ шинонда шуда, 5000 метри мураббаъ заминҳои даруну беруни фурудгоҳ сабзазор карда шуданд.

Бинои Президентӣ ва фаввораи назди он, толори СИП-и Терминали №2, майдони назди аэровокзал, деворҳои канори роҳҳои протоколӣ ва гирду атрофи фурудгоҳ таъмиру тармим гардида, таваққуфгоҳҳои нақлиётии дохили фурудгоҳ дар ҳаҷми 1920 метри мураббаъ ва инчунин таваққуфгоҳҳои беруни фурудгоҳ дар ҳаҷми 980метри мураббаъ асфалтпўш карда шуданд. 2645 метри мураббаъ роҳҳои назди бинои аэровокзал асфалтпўш карда шуданд. Бинои аэровокзали Терминали №2 бо таҷҳизоти нави ҳозиразамон муҷаҳҳазонида шуд. 72 ҳазор метри мураббаъ хатти сунъии парвозу нишаст ва роҳравҳои зимомии фурудгоҳ таъмир гардида, тарқишҳои фарши онҳо бо моеъи махсус пур карда шуданд. Ҳамчунин дар масоҳати 620 метри мураббаъ хатти сунъии парвозу нишасти фурудгоҳ бо маҳлули махсус устувор карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин давра дар майдони назди аэровокзал дар ҳаҷми 2400 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ хобонда шуданд. Таваққуфгоҳҳои нави нақлиётӣ аломатгузорӣ шуда, бо таҷҳизоти муосири рўшноидиҳанда муҷаҳҳазонида шуданд.

Дар ин давра бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли ҷорӣ 3 адад майдончаҳои варзишӣ пурра сохта, ба истифода супорида шуданд.

Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе таъмири намои 14 бинои баландошёна дар кўчаи Аҳмади Дониш идома дорад. Ҳамчунин дар фурудгоҳ сохтмони толори нави пешвозу гусели намояндагони расмӣ (ВИП) оғоз гардида, корҳо дар ин самт дар ду баст идома доранд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №177 аз 04 апрели соли 2017 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018», Фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон №99 аз 19 апрели соли 2017 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 - 2018» Фармоиши Директори генералии ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» №2.11-130 аз 28 апрели соли 2017 «Дар бораи тасдиқ кардани Нақшаи чорабиниҳои Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе ва ҳайати ситоди ташкилу иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 - 2018» ба имзо расида, корҳо тибқи он идома доранд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои фурўдгоҳи Душанбе хадамоту шуъбаҳои фурўдгоҳ нақшаҳои инфиродии чорабиниҳои худро бобати омодагӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 омода сохтаанд ва раванди татбиқи онҳо давом дорад. Қайд кардан зарур аст, ки фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои кор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 пурра омода мебошад.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj