​ФБД: хизматрасонӣ ба 1,340,692 нафар мусофир дар як сол!

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар соли 2018 ба 1,340,692 нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,6% ё 20,6 ҳазор нафар мусофир зиёдтар мебошад. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар соли 2018 – 2523,0 тн.-ро ташкил дод, ки назар ба соли 20172,0%ё 50,0 тн. Зиёдтар аст.

Миқдори рейсҳои хизматрасонидашуда дар соли 2018:

Миқдори рейсҳои доимӣ, ки ба онҳо хизмат расонида шудааст (мунтазам) – 5777 адад (дар соли 2017 – 5549 адад), яъне назар ба соли 20174,1 % ё 228 рейс зиёдтар.

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 1337 эрод ворид шудааст, аз онҳо 1300 эрод қонеъ гардонида шуд ва 37 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Қайд кардан лозим аст, ки аз 1337 эроди воридгардида 1282 эрод дар бораи дер омадани бағоҷи мусофирон аз фурудгоҳи парвози ҳавопаймоҳо, 29 эрод дар бораи дуздӣ ва норасоӣ дар бағоҷҳои мусофирон ва 26 эрод дар бораи осебёбии бағоҷи мософирон мебошанд.

Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар соли ҷорӣ 1228 ададро ташкил дод (дар соли 2017 – 1296 адад), яъне назар ба соли 2017 – 5,3% ё 68 парвоз камтар.

Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд:

- дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 925 ҳодиса.

- дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 117 ҳодиса.

- гуногун- 94 ҳодиса.

- номусоидии обу ҳаво – 49 ҳодиса.

- ҷорӣ будани реҷа – 18 ҳодиса.

- дахолати хадамоти гумрук – 13 ҳодиса.

- дахолати хадамоти сарҳад –8 ҳодиса.

- таъминот бо сўзишворӣ – 4 ҳодиса.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, 4 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (“Turkish Airlines», “Kam air», “Хатҳои ҷанубии Хитой”, FlyDubai ), 7 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил («Сибир”, “Ют Эйр”, “Урал” - Россия, “Авиатрафик” - Қирғизистон, “Эйр Астана”, СКАТ – Қазоқистон, “Ўзбекистон ҳаво Йуллари”-Ўзбекистон) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал оварда мешаванд.

Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 13 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ўзбекистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори умумии рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рўз 15 ададро ташкил медиҳад.

Барои ободонии гирду атрофи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар давраи ҳисоботӣ ва инчунин дар доираи омодагӣ ба ҷашни Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди толори Президентӣ, роҳи протоколӣ, толорҳои тиҷоратӣ (СИП №1ва№2), Терминалҳои №1 ва №2, майдончаҳои варзишӣ, гирду атрофи фурудгоҳ 850 бех ниҳолу дарахтони ҳархела, 33,4 ҳазор адад гулҳои садбарг, 51,0 ҳазор адад гулҳои мавсимӣ ва 189,6 ҳазор адад гулҳои гуногуни дигар шинонда шуданд. Дар ин давра бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳо дар аэродроми фурудгоҳи Душанбе заминҳои перронӣ дар масоҳати 57,5 гектар шудгор карда шуда, аз алафҳои худрўй тоза карда шуданд.

Бинои Президентӣ ва фаввораи назди он, толори СИП-и Терминали №2, майдони назди аэровокзал, деворҳои канори роҳҳои протоколӣ ва гирду атрофи фурудгоҳ таъмиру тармим гардиданд. Бинои аэровокзал, аз он ҷумла Терминали №1 бо системаи нави сабту нигаҳдории тўлонӣ (6 моҳа)-и иттилооти электронӣ, воситаҳои замонавии муоина муҷаҳҳазонида шуд. Хатти сунъии парвозу нишаст, роҳравҳои зимомии фурудгоҳ, перрон ва роҳҳои мошингарду техникаҳои махсуси аэродромӣ таъмир гардида, тарқишҳои фарши онҳо дар масоҳати 120,7 ҳазор метри мураббаъ бо моеъи махсус (мастика РБВ-25) пур карда шуданд. Дар назди толори Президентӣ дар масоҳати 520 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ хобонда шуданд. Таваққуфгоҳҳои нави нақлиётӣ аломатгузорӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири рўшноидиҳанда муҷаҳҳазонида шуданд.

Дар соли 2018 бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе майдончаҳои варзишӣ пурра сохта, ба истифода дода шуданд. Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе таъмири намои 15 бинои баландошёна дар кўчаи Аҳмади Дониш пурра ба анҷом расонида шуд.

Ҳамчунин мавриди ёдоварист, ки рўзи 25 июни соли 2018 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварони вазоратҳои дахлдор, роҳбарони Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ «JICA»,Консорсиуми ширкатҳои японии «Ниппон Кое» - Консултант, ДАИ Ниппон Констракшин, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе бо тантана ба истифода супорида шуд.

Иншооти мазкур тўли як соли минбаъда таҳти назорати кафолатии пудрачии асосии лоиҳа – ширкати ДАИ Ниппон Констракшин қарор мегирад.

Рўзи 26 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар меҳмонҳои расмӣ толори нави пешвозу гусели намояндагони расмӣ (толори ВИП) ботантана ба истифода супорида шуд.

Роҳбарияти фурудгоҳ пайваста кўшиш мекунад, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои рўизаминӣ дар муассисаи авиатсионӣ беҳтар гардида, ҷамъият дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок намояд.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj